Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсия тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин маҷлис раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода ҳайати шахсии кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорони соҳа ва тамоми сокинонро ба муносибати иди касбии ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки кормандони милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони вазнини таърих гузашта, хусусан, дар айёми сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри сипаришуда вазифаҳои ба уҳдаи онҳо гузошташударо бошарафона иҷро карданд ва якҷо бо ҷузъу томҳои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.
Дар идомаи маҷлис сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия полковники милитсия Зафар Сайфуллозода сухан намуда, қайд кард, ки фаъолияти мақомоти милитсия дар якҷоягӣ бо сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷороияи ҳокимияти давлатӣ самарабахш гардида, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми якҷояи сохторҳои мазкур басо назаррас мебошад.
Аз номи ҷавонони фаъол роҳбари гурӯҳи Авангарди ноҳия Иззатулло Музаффаров баромад намуда, кормандони соҳаро ба рӯзи иди касбиашон табрик намуд.
Сипас аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳия барои хизматҳои софдилона дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фаъолияти назаррас сипоснома тақдим карда шуд.
Дар арафаи таҷлили иди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба оилаҳои 5 нафар корманди милитсия, ки дар вақти адои вазифа фавтидаанд ва ба 55 нафар собиқадарони соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.