ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ НОҲИЯ ДАР ДАВРИИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНҲОИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ВА “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

Имрӯз, 27 август дар қасри фарҳанги шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории ғолибони даври вилоятии озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид.

333_3.jpgДар даврии ноҳиявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 36 нафар ғолиб омада, дар даврии вилоятии озмун ширкат намуданд. Аз ин 11 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва шаҳодатномаи озмун гардида, ду нафар Шогурезов Маҳрамшоҳ – омӯзгори муассисаи таълимии №1-и ноҳия номаи раиси дар номинатсияи адабиёти бачагона ва Сафаров Ҷумъахон – хонандаи муассисаи таълимии №34 дар номинатсияи адабиёти муосир ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат дарёфт намуданд.

22_1.JPGҒолибияти даври ноҳиявии озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро 5 нафар ба даст оварда дар даври вилоятии иштирок намуданд. Дар ин озмун ду нафар, Абдурасулов Ҷамшед дар жанри академии номинатсияи навозандагӣ ҷои якум ва Абдурасулов Хуршед дар жанри эстрадии номинатсияи навозандагӣ соҳиби ҷои дуюм гардида, АБдурасулов Ҷамшед ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.