Дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҷамъбастии натиҷаи фаъолияти соҳаҳо дар нӯҳ моҳи соли равон таҳти раёсати раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин баргузор гардид.
Вобаста ба фаъолияти соҳаҳои дахлдор дар давоми нӯҳ моҳи сипаришуда муовинони раиси ноҳия, сарпарастони соҳаҳо гузориш дода, барои минбаъдаи соҳаҳо мақсадҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар асоси ҳисоботҳои муовинони раиси ноҳия шахсони масъул мавриди пурсиш қарор дода шуда, воабста ба ислоҳи камбудиҳо ва нақшабандии фаъолияти минбаъда супоришҳои дахлдор дода шуд.
Дар рафти маҷлиси ҷамъбастӣ бо назардошти фаъолияти пурсамари меҳнатӣ ва сари вақт иҷро намудани дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта ба раиси Ҷамоати деҳоти Заркамар Сафаров Холмирзо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Инчунин ба роҳбари коргоҳи дӯзандагии “Мастура Авезова” Ахмедова Муқаддас барои иштироки фаъолона дар озмуни “Корхонаи беҳтарини дӯзандагии либосҳои мактабӣ” ва ишғоли ҷои сеюм дар ин озмун, ки аз тарафи Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қадрдонӣ карда шуда, қайд гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла корхонаҳои хурди истеҳсолӣ таоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд.
Дар идома намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Асомиддинзода Шарофиддин, мудири бахши намояндагии Агентии содиротии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сухан намуда, бобати бартараф намудани камбудиҳо ҷойдошта дар фаъолияти нӯҳмоҳаи соҳаҳо ва вазифагузорӣ дар фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.