Имрӯзҳо халқи шарифи кишвари азизамон бузургтарин ва зеботарин ҷашни ниёгонамон – Наврӯзи Аҷамро, ки пайки эҳёи табиат ва фарорасии мавсими киштукори кишоварзон мебошад, ҷашн гирифта истодаанд.
Мехоҳам ҳузури муборак ва ҳумоюни ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба сокинони ноҳия таҳният гӯям ва таманнои онро дорам, ки файзу нусрат ва шукӯҳи ин ҷашни фархунда барои ҳар як хонадон иқболу саодат, комгориву тавфиқ ва дар ҷодаи амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназирро ато намояд.
Месазад гуфт, ки Наврӯз дар тӯли тақрибан шаш ҳазор соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоию амалӣ касб намудааст. Дар раванди таърих Наврӯз қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ба ҳисоб меравад.
Аз беэътиноӣ ба рисолати воқеию таърихӣ доштани Наврӯз истиқбол ва ҷашнгирии он солҳои тулонӣ ба ҳадди мамнӯъӣ расида буд. Хушбахтона соли 2010-ум бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Наврӯз аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ба ибораи дигар Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва эътирофи воқеияту рисолати таърихии он барқарор гардид.
Мардуми сарбаланд ва саодатманди ноҳияи Қубодиён чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Сарвари давлат иди миллӣ ва аҷдодии мо — Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи равобити дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша, ки паёмовари сулҳу дустӣ шуморида мешавад, бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Иди Наврӯз, оғози эҳёи табиат, фараҳи лутфу меҳрубонии инсонҳо ва сабзаву ёсуману насрин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо тамоми арзишҳои суннатиаш қабои нав ба бар карда, хонадони моро пур аз шодиву сурур мегардонад.
Боиси қайд аст, ки бо фарорасии наврӯзи имсола амалишавии Ташаббуси сатҳи байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» расман ағоз мегардад. Иқдоми мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.
Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамояд, ки дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.
Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр анҷом диҳем.
Ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ то имрӯз дар ноҳия корҳои зиёди ободонӣ ба анҷом расонида шуданд, ки дар он саҳми сокинони ноҳия басо назаррас мебошад. Воқеан, яке аз рамзҳои наврӯзӣ тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кӯчаву хиёбон ва шинонидани ниҳолу коштани донаи умед мебошад.
Бори дигар кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба ҳар як хонадон саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва барори кор мехоҳам.
НАВРӮЗАТОН МУБОРАК БОШАД!