ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

22_77.jpgДар ҷамъомад раиси ноҳия Бадриддин Садриддинзода сухан намуда, сокинони ноҳияро ба муносибати иди забон табрик намуд.

Зимни суханронӣ раиси ноҳия изҳор дошт, ки дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки инро осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит менамояд. Дар идома қайд намуд: “Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши забон дар зиндагии мо ва арҷгузорӣ ба рушду нумӯи он таъкид доштанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишону бақои ҳар як халқу миллат аст».

33_26.jpgБахшида ба ин сана аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба шахсони арзанда, ки да рушди забони давлатӣ саҳми сазовор гузоштаанд, сипоснома тақдим карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.