ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро доир намуд, ки аз он теъдоди зиёди шаҳрвандон дидан намуданд.

IMG_20180316_093632.jpgТибқи иттилои шуъбаи Агентӣ, дар чорабинии мазкур корфармоён аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо шаклҳои гуногуни моликият 110 ҷойи кории холиро дар ярмарка пешниҳод намуданд. Дар ин чорабинӣ ба 16 нафар роҳхат барои кори доимӣ дода шуда, 37 нафар барои касбомӯзӣ, аз ҷумла омӯзиши қуроқдӯзӣ, бофанда ва либосҳои мактабиву миллӣ номнавис гардиданд. Бояд қайд намуд, ки дар ярмаркаи мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ – маҳсули кори курсҳои ташкилнамудаи шуъбаи Агентӣ дар ноҳия доир карда шуд.

Ойдиной Авазалиева, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ярмарка ҳарчи бештар ба кор ҷалб намудани шаҳрвандони бекор ва ба ин васила коҳиш додани шиддати бекорӣ дар ноҳия мебошад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.