Соҳаи аграрӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ мансуб ёфта, нақши он дар рушди иқтисодиёти ноҳия ва таъмини амнияти озуқаворӣ баланд арзёбӣ гардида, таваҷҷӯҳи ноҳия асосан ба истеҳсоли пахта, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ, хӯроки чорво, боғдорӣ, пиллапарварӣ, чорводорӣ ва занбури асалпарварӣ махсус гардонида шудааст.
Истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия хоҷагиҳои аҳолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратӣ мебошад.
Дар баробари ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба раванди ислоҳоти соҳа эътибори аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар натиҷаи ин нишондиҳандаҳои аксарияти соҳаи кишоварзӣ бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гардида истодааст.
Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 305,4 млн. сомониро ташкил дода, ё ин ки 101,5 фоиз таъмин гардидааст, ки 4,6 млн. сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 17108 гектар, ё ин ки 100,3 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта буда, ғалладона ва лубиёгиҳо 4032,8 га, аз ҷумла гандум 3312,5 га, лубиёгиҳо 41,0 га, ҷуворимаккаи дон 324,1 га, зироатҳои техникӣ 7814 га, аз ҷумла пахта 7574,0 га, картошка 446,4 га, сабзавот 2112,6 га, полезӣ 945,0 га ва зироати хӯроки чорво 1457,0 га кишт карда шудааст.
Дар ин давра 17,8 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 7,1 ҳазор тонна картошка, 64,4 ҳазор тонна сабзавот, 31,2 ҳазор тонна маҳсулотҳои полезӣ, 6,7 ҳазор тонна меваҷот, 5,6 ҳазор тонна ангур, 8,2 ҳазор тонна воҳиди хӯроки чорво, 2,8 ҳазор тонна гӯшт, 10,2 ҳазор тонна шир, 1,6 млн. дона тухм, 171,5 тонна пашм, 23,7 тонна пилла истеҳсол карда шудааст.
Майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 13193 гектар, ё ин ки 100 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта буда, ғалладона ва лубиёгиҳо 1989,7 га, аз ҷумла гандум 1510,5 га, лубиёгиҳо 8 га, ҷуворимаккаи дон 261,1 га, шоли 120,2 га, ҷав 90 га, зироатҳои техникӣ 7810 га, аз ҷумла пахта 7574 га, картошка 360,2 га, сабзавот 1158,6 га, полезӣ 558 га ва зироати хӯроки чорво 1316 га кишт карда шудааст.
Дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 7,4 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 5,5 ҳазор тонна картошка, 30,4 ҳазор тонна сабзавот, 10,1 ҳазор тонна полезӣ, 1,6 ҳазор тонна меваҷот, 14,7 ҳазор тонна воҳиди хӯроки чорво, 62,5 тонна гӯшт, 296 тонна шир, 38,9 ҳазор дона тухм, 21,2 тонна пашм, 23,7 тонна пилла истеҳсол карда шудааст.
Дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба миқдори 4950 тонна тасдиқ гардида, соли ҷорӣ 5064 тонна, ё ин ки 102,3 фоизи нақша содирот карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1242 тонна зиёд мебошад, ки аз он тариқи роҳи оҳани вилояти Суғд 5004 тонна пиёз ва ба воситаи гузаргоҳи шаҳри Турсунзода 60 тонна олу ба кишварҳои Қазоқистону Россия ташкил менамояд.
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замини корами обӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳо, хусусан зиёд намудани масоҳати кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошка кишоварзони ноҳия дар майдони 7765,0 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки 100 фоизро дар бар гирифта, аз он ҷумла ғалладонагиҳо 4224 га, ҷуворимакка барои дон 2060 га, шолӣ 1320 га, мош 427 га, лубиё 282 га, дигар ғалладона ва лубиёгиҳо 135 га, сабзавот 576 га, аз он сабзӣ 188 га, бодиринг 93 га, карам 85 га, помидор 80,5 га, дигар сабзавотҳо 129,5 га, картошка 210 га, полезиҳо 177 га, зироатҳои техникӣ 250,1 га, аз он офтобпараст 100 га, арахис 94,1 га, кунҷит 42,8 га, дигар зироатҳои техникӣ 13,2 га ва зироатҳои хӯроки чорво 2328 гектарро ташкил менамояд.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия саршумори ҳайвони калони шохдор 48061 сар, аз ҷумла модагов 27219 сар, ҳайвони майдаи шохдор 116343 сар, парранда 83695 сар, асп 1256 сар ва 1230 оилаи занбури асал нигоҳубин карда мешавад.
Шумораи заминистифодабарандагон дар ноҳия 2607 адад, аз он ҷумла 2563 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамояд.
Замини хоҷагии ёрирасони шаҳрвандон 1543 гектар ва замини фонди махсуси ноҳия 11276 гектар, аз он ҷумла 1011 гектар замини корами обиро ташкил медиҳад.
Давоми солҳои 2019-2020 аз ҳисоби заминҳои партов 26,0 гектар, аз ҷумла 6,7 гектар ба намуди заминҳои боғот ва 19,3 гектар ба замини корами обӣ гузаронида шуда, бо қарори раиси ноҳия тасдиқ карда шудааст.
Обёрӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо яке аз мушкилиҳои асосии ҷойдоштаи соҳаи кишоварзии ноҳия маҳсуб ёфта, ҳалли мушкилиҳои мазкур метавонад ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.
Дар ноҳия каналҳои Катта, Ҳаёт, Чирик ва Қабла фаъолият намуда, дар таъминоти захираҳои об ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ мушкилотҳои зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзиро муайян месозад.
Яке аз хусусиятҳои хоси ноҳия нисбати дигар минтақаҳои вилоят дар он аст, ки як қисми заминҳои ноҳия дар пастии 2-3 метр аз сатҳи дарёи Кофарнихон ҷойгир шуда, аз ин ҳисоб сатҳи обҳои зеризаминӣ хеле баланд буда, боиси бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ ва вазъи экологӣ гардидааст.
Дар ноҳия шабакаҳои обдиҳии байнихоҷагӣ 135,8 км, шабакаҳои обдиҳии дохилӣ хоҷагӣ 394,5 км, заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ 44,2 км, заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ 326,2 км, пойгоҳҳои обкашии байни хоҷагӣ 13 адад, пойгоҳҳои обкашии дохили хоҷагӣ 16 адад, дастгоҳҳои обкашии байни хоҷагӣ 64 адад ва дастгоҳҳои обкашии дохили хоҷагӣ 25 адад мавҷуд мебошанд.
Ҳамзамон барои пешгирӣ кардани рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади соҳилмустаҳкамкунии дарёи Кофарниҳон дар мавзеъҳои хатарнок, пешгирии офатҳои табиӣ, тоза намудани селроҳаҳо аз ҷониби комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо ҷалби аҳолӣ ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида шудааст.
Таъмин будан бо техникаи муосир дар рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад. Таҳлили вазъи истифодабарии техникаи кишоварзӣ нишон дод, ки айни ҳол дар ноҳия 889 адад тракторҳо мавҷуд буда, аз он 700 адад, ё худ 79 фоизаш дар ҳолати омодагӣ қарор дорад.
Аз шумораи умумии тракторҳо 21 фоизаш ба хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ ва 79 фоизаш дар бахши шахсӣ рост меояд.
Бояд қайд кард, ки дурнамои истеҳсоли пахта дар соли ҷорӣ 17208 тонна тасдиқ гардида то санаи 20 сентябри соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакори ноҳия 4985 тонна ҳосил ҷамъовари намуда ба нуқтаҳои қабули пахта супоридаанд, ки иҷрои 29,0 фоиз дурнаморо дар мегирад.
Дар мавсими ҷамъоварии пахта хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти ба номи У.Назаров бо 43,7 фоиз, «Заркамар» бо 34,0 фоиз пешқадам мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки соли гузашта пахтакорони ноҳия дар миқёси вилояти Хатлон дар қатори аввалинҳо дурнамои пахтасупориро барзиёд иҷро намуда, сазовари мукофоти автомашинаи сабукрави тамғаи «Opel Astra G» гардида буд.
Дар пахтазор ҳосил фаровон буда, кишоварзони ноҳия ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода мебаранд.
Мусурмонов Зулфиқор
сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён