ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо назардошти завқи наслҳои имруза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

Фарҳанг муаррифгари беҳтарин дастовардҳои илмию маданӣ, иҷтимоию иқтисодии кишвари маҳбуби мо буда, воқеан дар замони соҳибистиқлолӣ рушду нумуъ ёфт.

Дар даврони истиқлолият ноҳияи Қубодиён дар соҳаи фарҳанг ва маънавиёт ба пешрафтҳои зиёд ва комёбиҳо ноил гардид. Ноҳияи Қубодиён дорои таърих ва тамаддуни беназир аст. Дар ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихӣ мавҷуд аст.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил қарор гирифт, дар баробари баррасии вазъи тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар рушди соҳаи фарҳангро аз муҳимтарин дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд.Таърихи ҳар як халқу миллат маҳз аз рушди соҳаи фарҳангу маданияти кишвараш бозгу мебошад.

Эълон гардидани Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як қатор навгониҳои хубу нишонрасро дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ тақвият бахшида, ба омузиш ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ замина гузошт. Ҳадафи асосии эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифии шоистаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. Сайёҳӣ омили муҳими муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ мебошад.

Баҳри пешрафти соҳаи фарҳанг дар ноҳияи Қубодиён ҷалби аҳолӣ ба китобхониву китобхонаҳо басо назаррас мебошад.

Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханонаш баён намудааст, китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва уро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ месозад.

Муассисаҳои фарҳангӣ дар мустаҳкам кардани ҳисси ватандорӣ, тарбияи маънавии мардум, эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ саҳми назаррас доранд.

Бахши фарҳанги ноҳияи Қубодиён барои ҷалби сокинон ба китобхонаву китобхонӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ корҳои бисёреро анҷом дода истодаанд.Кормандони соҳаи фарҳангӣ ноҳияи Қубодиён хело ҳам қавӣ буда, бо кулли омма хело ҳам муносибати хуб доранд.

Дар ноҳияи Қубодиён-муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуд буда, ба аҳолии ноҳия хизмати фарҳангӣ фароҳам меоваранд. Чихеле, ки қайд кардем, ноҳия Қубодиён дорои тамаддуни бостонӣ ва куҳан мебошад. Айни замон дар ноҳия 24-муассисаҳои фарҳангӣ мавҷуд буда, аз он ҷумла; 4-маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 1-мактаби бачагонаи санъат, 1-осорхонаи таъриху-кишваршиносӣ ва инчунин 18-китобхонаҳои оммавӣ ва деҳотӣ фаъолият доранд.

Барои баланд бардоштани фарҳанг, пайваста доир нмудани як қатор чорабиниву намоишҳои фарҳангӣ дар ҳифзи асолату ғановатӣ миллӣ, ҳифзи ҷанбаҳои муҳими анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллатамон нақши босазо мегузорад. Кормандони муассисаҳои фарҳанги ноҳия ҳамроҳ бо мудири бахши фарҳанг, дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотҳо рафта вохуриҳо, суҳбату машваратҳо ва семинарҳои омузишӣ дар мавзуъҳои «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи насли наврас», «Ташаккули тарзи ҳаёти солим», «Зуроварӣ дар оила», «Ҷилваи чакан» пайваста ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Зеро, ки вобаста ба кирдорҳои хурофотпарастона миёни насли наврас, аз таълиму тарбия берун мондани кудакон, алалхусус духтарон ва баланд бардоштани саводнокии мардум, маърифати оиладорӣ, шомил нашудан ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳо, андешидани чораҳои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва ҳамчунин маданият ва санъати либоспушии занону духтарон, бо сокинони ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия пайваста чорабиниҳои фарҳангии фароғатӣ ва вохурию суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаруза корҳои тозагию ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар Хиёбони Носири Хусрав дар назди Кохи фарҳанги ноҳия, ва дар боғи фарангӣ ноҳия бо дастгирии кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ноҳия як қатор корҳои басо назаррас анҷом дода шуда истодааст. Ҳамчунин бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ орзуи деринтизори мардуми ноҳияи Қубодиён мебошад, гузаронидани вақти холи бофароғат бо фарзандон, сайругашт, истифодаи воситаҳои гуногуни дилхушии кудакон ва ҷавонон, ягона ҷойи мувофиқ боғи фарҳангию фароғатист.

Имруз чун як тоҷикистонӣ ба ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати мо мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Онро марди бузургу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунад. Ба заҳмати гарону ранҷи беандозаи ин марди хирад Тоҷикистон яктост, якрангу якмаром аст. Мардуми соҳибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтиром мекунанд, чунки қавми як миллат, як мазҳаб ва як наҷоданд. Имруз Тоҷикистони азизи модар айни шукуфтанҳост ва руз то руз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст.

Шеър;            Сулҳу ваҳдат дар фазои Тоҷикистон зинда бод,

                       Парчами тоҷик доим дар ҷаҳон поянда бод.

                     Сарзамини тоҷикон доимбаҳору хуррам аст,

                     Буи гул бо офтоби чашмасорон зинда бод.

 

Алалхусус шукрона мекунам, ки дар чунин як ватани биҳитосо, ки Қубодиёни бостонӣ ном мебаранд умр ба сар бурда, фахр мекунам, ки соҳиби чунин таъриху фарҳанги пурғановат буда, ватанро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

 

  

Мирзода Дустмурод

Мудири бахши фарҳанги      

ноҳияи Қубодиён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.