ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар толори китобхонаи ба номи «Тошхӯҷа Асирӣ»-и шаҳри Хуҷанд аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд бахшида ба муҳимтарин маъракаи сиёсии сол – интихоботи президентӣ, дастгирии номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳкум сохтани фаъолияти ТТЭ ҲНИ анҷуман доир намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар адибон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар ҷамъиятҳо иштирок ва суханронӣ карданд.
Иштироккунандагон, аз ҷумла раиси маркази «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд Илҳом Юсупов, узви Ҷамъияти дӯстӣ Нодирҷон Солиҷонов, шоир ва рӯзноманигор Султонмурод Ҳоҷибоев, фаъолони марказ Ҷамшед Пиримов, Олимҷон Ҷоробоев ва дигарон дар мавзӯъҳои пешбарӣ гардидани номзадии Пешвои миллат ба интихоботи президентӣ ва дастгирии фаъолони маркази ӯзбекон, оиди интихобот, оид ба мушкилиҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, қатлу куштори зиёиён аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хиёнатҳои онҳо ва ғайра суханронӣ намуданд.