Заҳмату ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, нигаҳдорӣ ва пурзӯр намудани пояҳои он, сарҷамъ намудани миллати пароканда ва мустаҳкам намудани асосҳои давлат натанҳо марудми шарафманди кишвар, балки минтақа ва ҷаҳон эътироф намуда, шеваи истиқрори сулҳи тоҷиконро, ки бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат ба даст омадааст, бархе кишварҳои ҷангзада барои худ намуна қарор доданд. Бо сиёсати хирадмандона ва роҳбарии одилона Пешвои миллат кишварро натанҳо аз вартаи ҳалокшавӣ ва парокандагӣ наҷот дод, балки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби мавқеъ намуд ва имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор дар сатҳи ҷаҳон мебошад, ки ин натиҷаи заҳматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат мебошад.
То чӣ андоза намакношинос ва носипос бояд буд, ки ин талошу заҳматҳои Роҳбари давлатро дар самти истиқрори сулҳ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории кишвар ва умуман пешравию гулгулшукуфии кишвар нодида гирифт.
Темур Варқӣ, яке аз нафароне, ки аз дур бар сари мардуми худ санг меандозад, бо тафаккури бегонапарваронаи худ гӯё табрикоти Пешвои миллатро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ шарҳу тавзеҳ дода, ба нақши муҳими Сарвари давлат дар барқарорсозии сулҳ бо мағзи обшустаи худ изҳори шубҳа менамуд. Ҷои шакке нест, ки ин зархариди беарзиш супориши хоҷагони худро ба душворӣ иҷро намуда, қути лоямути худро дарёфт мекунад. Воқеан, фикр мекунӣ, ба ҳоли ин роҳгумзадаҳо бояд гирист, ё нафрат кард. Бар ивази Ватан, ва тамоми арзишҳои инсонӣ дар ғурбат ҳоли табоҳе ба худ ихтиёр карданд ва дунболи коре мегарданд, ки худ на оғози онро медонанда ва на анҷомашонро. Танҳо интизори супорише аз хоҷагон бар зидди халқу Ватани худ ҳастанд.
Темур Варқӣ, ки бо ин хастагӣ (фикр накунам аз азоби виҷдон бошад) супоришҳоро иҷро мекунад, ҳеч фикр намекунад, ки худ барои миллат ба ҷуз аз иғвогариву фитнаандозӣ чӣ хизмате карда бошад. Аз манбаъҳои интернетӣ бармеояд, ки ӯ амалҳои ифротии худро ҳанӯз пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҷузъи омили ин руйдоди нангин ҳисоб меёбад, оғоз карда, дар ҳар давру замон мутобиқи хости хоҷагонаш либосу ниқоб ба бар карда, тавассути иғвову фитна хостаҳои онҳоро бароварда месохтааст. Ва дар пиронсолӣ низ аз ин кордорҳои ифротгароёнаи худ даст накашида, дар Ғарб бо тӯдаи ҳамсангарони наҳзатии худ пайваста, ҳалқа ва муҳри ғуломиро расмӣ кардааст.
Суханронӣ ва нигоҳу ҳаракатҳояш бараъло нишон медиҳанд, ки нигарони он аст, ки чӣ андоза супориши хоҷагонашро иҷро кардаааст ва имрӯз ба вай луқмае медиҳанд ё не. Агар дурусттар ба ҳолаш назар кунӣ, пай мебарӣ, ки дар ҳолати ғайриқобили амал қарор дорад ва эҳтиёҷманди пишизишки равоншинос мебошад. Шеваву лафзи гуфтораш нишон медиҳанд, ки ҳеч умумияте ба тоҷику тоҷикӣ надорад ва аслан дар ғами ин миллату ин Ватан нест. Танҳо вазифаи иғвоандозӣ ва паст задани эътибори Ватани худро дар назди хоҷагонаш иҷро мекунад.