ИНТИХОБОТ ШАКЛИ ОЛИИ ИФОДАИ СОҲИБИХТИЁРИИ ХАЛҚ АСТ

Интихобот падидаи муҳими демократия, маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихоб кардан ва интихоб шудан ба вуҷуд меояд.

Он шакли ягонаи қонунии ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва интихоби сарвари давлат мебошад. Чун ниҳоди демократӣ, нишондиҳандаи ташкили идораи демократии давлат, маҳаки ошкор кардани татбиқи низоми тартиби демократӣ, амалӣ гаштани соҳибихтиёрии халқ шинохта шудааст ва шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор менамояд. Шаҳрванде, ки ба боварии халқ сазовор гардидааст, вакили ӯ мебошад ва аз номи халқ идораи давлатро амалӣ менамояд.

Дар ҷаҳони муосир интихобот шакли асосӣ ва зарурии зуҳури шаҳрвандон ба сифати манбаи ҳокимият ва истиқлолият мебошад. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, ҳокимиятро ташкил менамоянд ва бо ин амал фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ мегардонанд.

Интихоботи ошкорову озодона ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун барпокардаи давлат воситаи асосии амалӣ гардонидани соҳиб­ихтиёрии халқ буда, ҳамеша бо иштироки бевоситаи халқ амалӣ карда мешавад ва халқ соҳибихтиёриро тавассути интихобот амалӣ месозад.

Одатан зери мафҳуми соҳибихтиёрии халқӣ кафолатҳои ҳуқуқи интихобкунандагон ва таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон фаҳмида мешавад. Соҳибихтиёрии халқ ҳамчун волоият ва умумияти ҳокимияти халқ нисбат ба дигар намудҳои соҳибихтиёрӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд. Зеро, маҳз дар заминаи ҳамин навъи соҳибихтиёрӣ, табиати демократии давлат ҳифз гардида, ҳуқуқу озодиҳои инсон таъмин карда мешавад ва мавқеи халқ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи идораи давлат собит мегардад.

Соҳибихтиёрии халқ ҳамчун падидаи ҳуқуқию сиёсӣ зимни татбиқ бо масоиле алоқаманд аст, ки онҳо тафовути объективӣ ва субъективии байни иродаю манфиатҳои воқеии халқ ва шаклҳои амалигардонии онҳоро инъикос менамоянд.

Сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ чунин маънӣ дорад, ки мардуми Тоҷикистон, яъне, шаҳрвандони Тоҷикистон, манбаи ҳокимият ва қудрати давлатанд. Тавассути он халқ ба воситаи мақомоти таъсисдода ба худидоракунӣ даст мезанад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи пурраҳокимиятӣ ва ё соҳибихтиёрии халқи Тоҷикистон диққати махсус зоҳир намуда, онро маҳак ва сарчашмаи асосии сохтмони давлати демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намуд. Дар Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 моддаи 1 ба соҳибихтиёрии давлат ва моддаи 2 ба соҳибихтиёрии халқ бахшида шудааст. Дар он омадааст, ки халқ ифодакунандаи истиқлолият ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар Эъломия кафолатҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ ва сиёсии соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои таҷассуми он нишон дода шудаанд.

Ин меъёрҳои эъломиявӣ оид ба соҳибихтиёрии халқ баъдан дар Конститутсия, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсиии умумихалқӣ қабул гардидааст, ба худ шакли баланди ҳуқуқӣ гирифтанд. Дар моддаи 6 Конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд. Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст. Аз номи мардуми Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд».

Чаро аз номи мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтан фақат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тааллуқ дорад? Чунки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ (Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ) ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумӣ интихоб мегарданд ва онҳо иродаи халқро ифода мекунанд. Яъне, халқ соҳибихтиёриро ба воситаи вакилон ё ин ки мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум менамояд.

Аз ин хотир, дар кишвар барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ, ки халқ тавонад бевосита Сарвари давлату вакилонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намояд, тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Бар илова, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои байналмилалӣ оид ба интихоботро эътироф намуда, қонунгузориро оид ба интихобот дар заминаи онҳо такмил додааст. Ба ифодаи дигар, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ба арзишҳои демократии байналмилалӣ ва стандартҳои эътирофшудаи ҷаҳонӣ пурра мувофиқ аст.

 

 

Бобоҷон НАИМОВ,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи

конститутсионии факултети

ҳуқуқшиносии ДМТ

Мавод аз сомонаи

http://sadoimardum.tj/intihobot/intihobot-shakli-olii-ifodai-so-ibihtiyorii-hal-ast/

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.