Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкории амниятиро тақвият мебахшанд

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9-11 сентябр ҳайати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Кумита Саймумин Ятимов ба шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафари корӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқоту гуфтушунидҳо бо Муовини аввали Президенти Афғонистон Амруллоҳи Солеҳ, Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, Раиси Парлумон Мирраҳмон Раҳмонӣ, Мушовири амнияти Президент Ҳамдуллоҳи Муҳиб, Раиси Раёсати умумии амнияти миллӣ Аҳмад Зиё Сироҷ, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳаниф Атмар, Вазири дифоъ Асадуллои Холид ва Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Масъуди Андаробӣ оид ба муносибатҳои мутақобилан судманди дуҷониба, вазъи амнияти ду кишвари дӯст ва минтақа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин таъмини амнияти коммуникатсионӣ ва тарҳҳои энергетикиву иқтисодӣ мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеъҳои ҳамдигарро дар масъалаҳои номбурда изҳор дошта, таъкид сохтанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳоро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.

Таъкид гардид, ки хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти тахрибии хадамотҳои махсус ва доираҳои манфиатдори сиёсии баъзе аз кишварҳо бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд.

Ҷонибҳо бо ишора ба зарурати сифатии беҳтар сохтан ва ба сатҳи зарурӣ боло бурдани ҳамкории дуҷониба омодагии комили хешро ҷиҳати амалисозии тадбирҳои муассир ва мушаххас дар ин раванд изҳор доштанд.

Хулоса гардид, ки сафару боздидҳои ҳайатҳои тарафайн ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда, марзҳои тӯлонии миёни ду кишвар ба марзҳои амн ва дӯстиву созандагӣ мубаддал гардонида шаванд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.