Бахшида ба ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин иншоотҳои ҷашнӣ ба истифоад дода шуданд.
Дар деҳаи Роҳи Нав дар майдони беш аз 500 м2 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нозимов Фирӯз маркази савдои замонавӣ бунёд карда шуд, ки ба сокинон маводи хӯрокворӣ, либосворӣ ва дигар ашёи рӯзгорро дасрас менамояд. Тартиби фаъолияти фурӯшгоҳ тибқи стандартҳои байналмилаӣ ва қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуда, барои харидорон шароит мусоид ва қуллай фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи ошёнаи дуюми бино тарабхона ва макони баргузории ҷашну маросим омода карда шудааст. Дар ин маҷмааи савдо 11 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Инчунин дар деҳаи Саидназар Худоиқулови Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин – деҳаи дурдасти ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Разоқова Ойсоат дар майдони 180 м2 ҳаммом, мағозаи хӯрокворӣ ва сартарошхона бо шароитҳои замонавӣ бунёд карда шуда, роҳбарияти ҷамоат изҳор доштанд, ки дар оянда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти кишвар мақсад гузоштаанд, ки дар деҳа майдончаи варзишӣ ва боғча бунёд намоянд. Дар иншоотҳои бунёдгардидаи деҳаи С. Худоиқулов 4 нафар бо ҷои кори доимӣ тамин гардиданд.
Иншоотҳои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоиляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд.