Сухани табрикоти раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси хурсандист, ки пиру барнои кишварамон имсол ҷашни фархундаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат, бо рӯҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол мегиранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши таърихӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва нишонаи сарбаландии халқи Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рукни асосии давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободиву саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва нерӯи тавонбахши ҳаёт мебошад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд:

«Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад».

Мо дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва даврони пуртазоду печидаи ҷаҳони муосир бо ҳифзи хусусиятҳои милливу таърихии халқамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз бо ин роҳ барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравем.

Дар раванди татбиқи ин ҳадафҳо нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Талошҳо ва ҷоннисориҳои ин фарзанди фарзонаи миллат буд, ки Тоҷикистон тавонист аз вартаи парокандагӣ раҳоӣ ёфта, ба як кишвари ташабускори сатҳи байналмилалӣ табдил ёбад.

Корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкории сартосарӣ, ки дар мамлакат бо ҷалби тамоми қишри аҳолӣ бо маром ҷараён дорад, бевосита аз ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоиляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён низ баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти рақами №1059 оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоиляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои дахлдор таҳия намудааст, ки тибқи он бунёди иншоотҳои таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки дар як соли омодагиҳо ба ин ҷашни муҳиму тақдирсоз як қатор иншоотҳои мазкур ба истифода дода шуда истодаанд.

Имрӯз мардуми ноҳияи Қубодиён аҳлона дар фазои сулҳу субот, дӯстиву якдигарфаҳмӣ меҳнат карда, бо сохтмон ва бунёди иншоотҳои гуногуни маъмурию давлатӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот симои ноҳияро ободу зебо гардониданд. 

Истиқлолият дар баробари ин, ки орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.

Ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.

Дар хотима ҳамаи ҳамдиёрони азизро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар хонадон саломативу хушбахтӣ, сарбаландиву барори кор орзу менамоям. Бигузор Парчами Истиқлолият доимо бар сари миллати кӯҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.