01.09.2020
Назари шахсии муҳаррир
Пас аз баёния ва эътирозҳои шифоҳии Раҳматулло Зойиров дар хусуси интихоботи навбатии президентӣ дар кишвар, ки қарор аст 11.10.2020 баргузор гардад, мо тасмим гирифтем ба эшон ҷавоб бидиҳем. Ва чун Раҳматулло Зойиров ҳамеша бо забони русӣ менависанду мегӯянд, мо ҳам посухи худро бо забони барои эшон фаҳмо - русӣ хоҳем дод, шояд ҳамин тавр ӯ дарк бинамояд, ки гуфтаҳояшон чӣ пайомаде дорад. Мо метавонем!
Ҳаргиз ин мақоларо наменавиштам, агар "бофтаҳои пуршӯру ҳаяҷоновари" сиёсатмадорони гумроҳи мо дар бораи хатари ҷанги нави шаҳрвандӣ интишор намеёфтанд. Шахсан ман, дар қатори миллионҳо ҳамватанонамон, аз ин ҷанг наҷот ёфтам.
Аммо касоне, ки аввалин шуда киштии ғарқшавандаро тарк карданд (мо ку медонем, ки кӣ аввалин шуда киштии ғарқшавандаро тарк мекунад) боз моро бо ҷанг метарсонанд ва бидуни ихтиёр дар зеҳнам фикре омад, ки чаро «бузҳо моро бо карам метарсонанд»? Бо вуҷуди ин дар ин бора бо тартиб ...
Шурӯъ аз моҳи августи соли 2020 раиси ҲСДТ Зойиров Р., фаъолияти худро якбора шиддат бахшид ва пай дар пай чандин изҳороти тавтиаангезро интишор намуд. Нахустин изҳороти худро ӯ 7 августи соли 2020 пахш кард ва дар он қонунӣ будани интихоботи навбатии президентиро дар таърихи 11 октябри соли 2020 зери шубҳа гузошт.
1. Раиси ҲСДТ Р. Зойиров дар изҳороти худ қайд мекунад, ки таъйини интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 11 октябри соли 2020 "як моҳ пеш аз мӯҳлати муқарраршуда", ғайри қонунӣ ва мухолифи қонунгузории нофизи интихоботӣ мебошад. Ин нодуруст аст, чунки мутобиқи қисми 1. Моддаи 6-и ҚКҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳ то хатми мӯҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешавад.
Ин маънои онро дорад, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 баргузор ва Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2013 ба фаъолият шурӯъ кард. Мувофиқи моддаи 38 ҚКҶТ "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи ёд намудани савганд, мутобиқи матни пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 67) дар ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ мекунад. Аз ин рӯ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон дар муддати ду моҳ, то 16 ноябри соли 2020 таъйин намуд.
Дар мавриди изҳороти муаллиф дар нохунак “Интихоби дубораи президент қабл аз хатми мӯҳлати ваколаташ ақалан то панҷ сол, то як сол, то як моҳ барвақттар иҷозат дода намешавад ...”, ин ишора ба меъёри қонун нест, зеро дар Қонуни Конститутсионии нофизи ҶТ “Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ” чунин меъёр пешбинӣ нашудааст. Ва аз ин рӯ ин фарзияи муаллиф мебошад.
Бояд дар хотир дошт, ки байни мафҳумҳои "Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Ба фаъолият шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тафовути бузург вуҷуд дорад. Ва бо ҳамин сабабҳо то сатҳи мутлақ баровардани муқаррароти моддаи 6 Қонуни конститутсионӣ ҷоиз нест, ҳол он ки Р. Зойиров дар ин маврид ду мафҳумро иваз кардааст: «интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва "Ба иҷрои вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" -ро. Мутобиқи мантиқи Зойиров, интихоби дубораи Президент дар ин ҳолат танҳо пас аз 16 ноябри соли равон имконпазир аст ва ин мустақиман хилофи моддаи 6 Қонуни конститутсионӣ мебошад.
Сабабҳои ба вақти дигар гузаронидани интихобот метавонанд мухталиф бошанд, аз ҷумла хатари бадтар шудани вазъи вобаста ба пандемияи COVID - 19, аммо ҳақиқат ин аст, ки меъёри дар боло зикршудаи қонуни конститутсионӣ дар бораи интихобот бо ба вақти дигар гузаронидани рӯзи овоздиҳӣ вайрон нашудааст.
2. Сиёсатбози фитнагар Р.Зойиров изҳороти навбатии иғвоангези худро 21 августи соли 2020 иблоғ ва ошкорову бепарда раҳбарияти Тоҷикистонро бо ҷанги нави шаҳрвандӣ таҳдид намуд. Тааҷҷубовар он аст, ки ин мард худро зиёии равшанфикр меҳисобад, вале бо вуҷуди ин, ӯ мисли як хунхор дар бораи ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо суҳулат сӯҳбат мекунад. Шояд барои Р. Зойиров хуни рехта шуда дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ», ки солҳои дароз шарики Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон буд, кам бошад.
Раиси ҲСДТ дар изҳороти навбатии иғвоангези худ эълон мекунад, ки 10 ташкилоти ибтидоии қалбакии ҲСДТ "бонги изтироб мезананд, ки агар номзадии Рустами Эмомалӣ пешниҳод шавад, пас дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз меёбад". (Мо бо камоли майл мехостем ба он изҳорот, албатта, бо имзои аъзои он 10 ташкилоти ибтидоии қалбакии ҲСДТ, агар онҳо воқеан вуҷуд дошта бошанд, шинос шавем).
Ҳар фарди солимақл пас аз мутолиаи ин таҳиди ошкорои Р.Зойирови ҳангоматалаб бонг мезанад:
- Не, наход чунин бошад! Шумо дастури киро иҷро мекунед? Ин ҳазёни шахси гирифтори бемории рӯҳист. Шояд андеша кунед, иғвогарӣ ва дурӯғпароканиро дар ҷомеа бас кунед!
Р. Зоиров, шахсе, ки дар сиёсат ҳуқуқшинос ва дар ҳуқуқшиносӣ сиёсатмадор аст, наметавонад мустақилона ба ин фикр биояд! Сатҳи зеҳниаш камӣ мекунад! Пас пушти ин паём, ки аз номи Р.Зойиров ба роҳбарияти олии Тоҷикистон ирсол шудааст, кӣ истодааст?
Раис Р.Зойиров муаллифон ва фоидахӯрони асосии ин муроҷиатномаро нишон медиҳад - "мухолифин (ТЭТ ҲНИТ - ро дар назар дорад) ва зиёда аз нисфи дастгоҳи давлатии кунуниро, алалхусус собиқадорони хидмати давлатӣ, муқобил хоҳанд буд".
Агар рости гапро бигӯям, пас аз хондани чунин изҳорот, хоҳиши зикри номи ин шахс аз байн меравад. Бо вуҷуди ин, ман қарзи шаҳрвандии худ медонам ва ба Р. Зойиров хотиррасон мекунам, ки - шояд вақти он расидааст, ки аз ақл кор бигирӣ? Охир, шумо таҷрибаи кофии ҳаётӣ, синну соли шоиста доред, аз гуфтани суханҳои аблаҳона ибо варзед, бо пахши изҳорот дар бораи гӯё ғайриқонунӣ будани интихоботи қарибулвуқӯъи роҳбарияти кишвар, дар бораи коронавирус, ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайра худро шарманда накунед.
Р. Зойиров дар бораи кадом як "собиқадорони хадамоти давлатӣ", ки бояд кайҳо ба нафақа бираванд, менависад. Ва дуруст аст, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд ба кадрҳои ҷавони Тоҷикистон роҳ бидиҳанд. Ва яке аз чунин "собиқадорон" худи Р. Зойиров аст, ки ҲСДТ наметавонад таҳти раёсати ӯ рушд кунад ва дар ҳолати рукуд қарор дорад. Ғояҳои хаёлии Р. Зойиров, ки бо арзишҳои демократияи иҷтимоъӣ рабте надоранд, рушди ҲСДТ -ро кунд мекунанд. Дар тамоми давраи мавҷудияти худ ҲСДТ ҳатто дар маҷлисҳои маҳаллӣ намоянда надорад, чӣ расад ба парлумон. Саволе ба миён меояд, ки ин аз лутфу баракати кист? Шояд Зойировро мебоист, ки кайҳо инони раёсатро ба ҳизбиёни ҷавони бисупорад, агар онҳо воқеъан дар ҳизб вуҷуд дошта бошанд?!
Зойиров Р. ва мисли ӯ гоҷҳои ёвагӯй хуб медонанд, ки на ӯ ва на ҲСДТ ҳеҷ гоҳ дар ҷомеа эътибори баланд надоштанд ва нахоҳанд дошт. Р.Зойиров маъмултарин сиёсатмадор аст, вале аз боварии халқ бархӯрдор нест. Ӯ бо изҳороти нима найрангбозонаи худ чизе ба даст наовардааст ва нахоҳад овард, зеро ӯ ҳамон тавре, ки ҳангомаҷӯй буд, ҳамон тавр боқӣ монд. Магар фаҳмиши он ки барои сазовори эҳтиром ва эътибор шудан шабу рӯз ба нафъи халқ кор бояд кард, худро дар амал нишон бояд дод ва ҳангоми интихобот даст ба шарҳпароканӣ ба чапу рост набояд зад, инқадар душвор аст. Агар ӯ ва ҳамфикронаш ба ин умед бошанд, ки бо роҳи пахши маълумоти бардурӯғ метавонанд эътимоди халқи тоҷикро ба даст биоваранд, пас ин ёваи комил аст.
Бо дарназардошти вазъи кунунии кишвар, Р. Зойиров ҳамчун раҳбари ҳизб барои пахши иттилооти ҷаълӣ дар ҷомеа дар бораи оғози эҳтимолии ҷанги шаҳрвандӣ масъулияти комил ба дӯш дорад. Бинобар ин, мақомоти ваколатдор бояд ба изҳороти охирини Р. Зоиров, ки ҳадафмандона ва қасдан мехоҳад бо дурӯғпароканӣ ҷомеаро ноором кунанд, вокуниш намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини такя задан ба курсии раёсати ҷумҳурӣ ба такрор изҳор мекунад, ки мутахассисони ҷавон ояндаи кишваранд. Кишвар ба роҳбарони босалоҳият ва масъулиятшиноси ҷавон ниёз дорад. Дастгоҳи давлатӣ бояд доимо таҷдид шавад, бо мутахассисони нави бомаҳорат ва воқеан касбӣ, ки қобилияти кории худро исбот кардаанд ва метавонанд ҷавобгӯи ангезаҳо ва мушкилоти навин, ки кишвар бо онҳо мувоҷеҳ аст бошанд, такмил шавад. Эҳтимолан, вақти он расидааст, ки ба дастгоҳи давлатӣ роҳбарони ҷавони бомаҳорат, ҷавонони боистеъдод, ки дар соҳаҳои гуногун дониши хуб доранд, ворид шаванд.
Р. Зойиров эҳтимолан бо Конститутсияи Тоҷикистон шинос нест, ки дар он барои чунин ҳуқуқдонҳои амсоли Р. Зойиров, бо ранги сиёҳ рӯйи варақи сафед навишта шудааст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон пас аз расидан ба синни дахлдор, метавонад номзадиашро ба мансаби Президенти Тоҷикистон пешниҳод кунад ва танҳо халқ ҳангоми овоздиҳӣ метавонад роҳбари навбатии кишварро интихоб кунад ва ҳаллу фасли ин масъала ба салоҳияти Р. Зойиров ва «собиқадорон» -и ӯ, ки моро бо ҷанги нави шаҳрвандӣ метарсонанд, шомил нест.
Рустами Эмомалӣ дувумин сиёсатмадори маъруфи Тоҷикистон мебошад ва ҳуқуқи конститутсионӣ дорад, ки номзадии худро пешниҳод намояд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад. Вай амалан собит намуд, ки роҳбари ботаҷрибаи давлатӣ мебошад ва дар мавриди масоили рушди кишвар дидгоҳи стратегии худро дорад. Ҷавонони Тоҷикистон аз ӯ ибрат мегиранд. Вай умеди насли ҷавони тоҷик аст. Ба истилоҳ "собиқадорон" бояд билохира дарк кунанд, ки оянда ба ҳар ҳол ба ҷавонон таълуқ дорад ва ин амри ногузир аст.
Имрӯз ҷавонони то 30-солаи Тоҷикистон 70% шумораи умумии тамоми сокинони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Кӯр аст касе, ки аз дидани ин далели аён оҷиз аст.
3. Р. Зойиров изҳороти сеюми худро, ки комилан бе маънӣ ва оганда бо далелҳои таҳрифшуда буд 31 августи соли 2020 пахш намуд. Вай менависад, ки ҷамъ намудани 250 ҳазор имзо ба тарафдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри имкон аст, зеро 50% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳастанд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат варзанд. Саволе ба миён меояд, ки Р. Зойиров ин маълумотро аз куҷо дарёфт кардааст, ки 50% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аст? Ба кадом омори эҳсоиявӣ Р. Зойиров барои тасдиқи хаёлоти дурӯғин ва сиёсии худ такя мекунад? 50% аҳолӣ ин 4,5 миллион сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ин маълумот аз куҷо гирифта шудааст? Устоди дасисабозӣ ва найрангбозии сиёсӣ Р.Зойиров бори дигар шаҳрвандони кишварро гумроҳ меанамояд. Ва гузашта аз ин, байни дар хориҷи кишвар будани 50% аҳолии Тоҷикистон ва ғайри имкон будани ҷамъоварии 250 ҳазор имзо чӣ робитае вуҷуд дорад? Аҳолии Тоҷикистон имрӯз беш аз 9 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тибқи мантиқи Р. Зойиров агар ҳатто 50% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар қарор дошта бошад ҳам, тақрибан 4,5 миллион нафар дар дохили кишвар боқӣ мемонад. Магар аз ин шумораи сокинони боқимонда ҷамъоварии 250 ҳазор овоз душвор аст, агар ҳизб аз эҳтироми ҷомеа бархӯрдор бошад?
4. Р. Зойиров менависад, ки Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ асосан аз ҷонибдорони ҳизби ҳоким иборат аст. Ин ҳам даъвои беасос аст, зеро бо далелҳо тасдиқ нашудааст. Барои раиси ҲСДТ беҳтар аст сари он андеша кунад, ки ӯ ва ҳизбаш барои ободии кишвар кадом кореро анҷом додаанд. Ба ҷузъ аз нолидан ва шикоятҳои доимӣ, Р. Зойиров ва аъзои ҳизбаш кори дигаре надоранд. Мусаллам аст, ки ҷомеаи солимақли кишвари мо ҳаргиз ба дунболи аҳзобе чун ҲСДТ нахоҳад рафт.
5. Р. Зойиров минбаъд менависад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд роҳбари ҳизби сиёсӣ бошад, зеро ин низоми бисёрҳизбиро вайрон мекунад. Вай бо кадом асос ин изҳоротро пахш мекунад? Барои чунин изҳорот ӯ чӣ далели ҳуқуқӣ меорад? Дар куҷост он санади ҳуқуқӣ, ки ӯ ҳангоми изҳороти навбатии худ ба он такя мекунад? Ин танҳо андешаи шахсии ӯст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ маънои дуруст будани онро надорад.
6. Р. Зойиров шикоят мекунад, ки ҳамаи комиссияҳои интихоботӣ ва субъектҳои пешбарии номзадҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Боз як дурӯғи мутлақи дигар, ки Р. Зойиров гуфтааст. Вай бо ин изҳороташ низоми бисёрҳизбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, таҳқир мекунад. Агар дигар ҳизбҳои сиёсӣ ҳукумати кунуниро мисли ҲСДТ танқид накунанд, ин маънои онро надорад, ки ин ҳизбҳои тарафдори ҳукуматанд. Ҳар як ҳизби сиёсии Тоҷикистон барнома ва доираи интихобкунандагони худро дорад.
ҲСДТ - ин ҳизби бахтбаргаштагон, мисли худи Р.Зойиров аст. Бахши умдаи ин ҳизбро ҳангоматалабон ташкил медиҳанд. Р. Зойиров намунаи барҷастаи сиёсатмадори гоҷ ва ҳангоматалаб аст ва гумон мекунад, ки танҳо ӯ ҳақ аст ва танҳо ӯ медонад, ки Тоҷикистон чӣ гуна бояд рушд кунад.
Рафиқ Зойиров, бедор шав, ба сурати худ дар оина бинигар ва на ба ҷомеа, балки ба худатон бигӯед, ки шумо ҳангоми пандемияи коронавирус ба чанд нафар кумак кардед? Ба кадом ятимхона кумак расонидед, киро бо ҷойи кор таъмин кардед ва ғайра.
Дар ҷанги муосири иттилооти хонандае, ки тавони мутамарказ шудан сари як мушкилиро надошта бошад, ногузир шарҳи ба ӯ талқиншудаи ҳодисаро - интихобот ғайриқонунӣ аст, ура, онро зиддихалқӣ эълом менамоем, таҳрим мекунем, ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайраву ҳоказоро, қабул менамояд.
Инсон аллакай ғайри ихтиёри худ омода аст, ки ҳангомаро ҳамчун воқеият қабул кунад - бале, Р. Зойиров дар ин бора мегӯяд, пас ин рост аст. Аммо, пас аз мутолиаи муфассал, мо мебинем, ки маводи ҳангомасози ба мо пешниҳодшуда на шарҳи таҳлилӣ дар бораи паҳлӯҳои ҳуқуқии ҳодиса, балки "мурғобии" навбатии идеологӣ мебошад. Ба мо далелҳоро якҷо бо андешаи раиси як ҳизб дар бораи ин далелҳо пешниҳод намудаанд. Аммо фикр - ҳанӯз ҳақиқат нест. Маъмулан тафовути ҳақиқат аз фикри шахсӣ дар ин аст, ки алайҳи он эътироз намудан ғайри имкон аст.
Ҳол он ки эътирозот ва саволҳои мо аз ҳад зиёд шуданд!
Мо метавонем!
С. Мизроб
Сармуҳаррири рӯзномаи халқии СССР