Ҷасти малахак

Муҳиддин Кабирӣ бо дастгирӣ ва пуштибонии Эрон Мирзораҳим Кузовро аз Додгоҳи олии Юнон озод намуд. Ин озодсозиро ҳарчанд аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ғолибият донистанд, вале раҳои барои аксар аз аҳли қалам ва таҳлилгарони сиёсатшинос чизи нав ва ҷолиб нест. Аксаран ва махсусан банда ҳам интизор доштам, ки Кузовро озод хоҳанд кард. Чаро? Чунки Юнон ва дар маҷмуъ Аврупо - лона ва сарпаноҳи асосии аъзоёни ТЭТ ҲНИТ, ки дар Точикистон муртакиби ҳазорҳо ҷурми нобахшидани шудаанд, мебошад.

Кишварҳои Аврупо бо раҳо сохтани Кузов бори дигар нишон доданд, ки ҷонибдори суботи сартосарӣ дар ҷаҳон нестанд ва ҳамеша хоҳони онанд, ки дар минтақаҳои мухталифи олам нооромӣ ҳукмрон бошад. Аврупо бояд дарк намояд, ки ТЭТ ҲНИТ, фарзанди хадамоти истихборотии Эрони Исломӣ, пайравони мактаби «Алқоида»-ву ҳаракати Толибон ва бародари ДИИШ мебошанд, чунки аз соли 1992 то имрӯз ҳазорҳо размандаву пайравони худро дар таълимгоҳу урдугоҳҳои кишварҳои исломии даргир ба омӯзиш фаро гирифтаанд ва дар Тоҷикистон, ки 1400 километр марз бо Афғонистон дорад, бесуботию нооромиро мехостанд ҳукмфармо намоянд. Ниҳоятан бо роҳи амалӣ намудани барномаҳои пасипардагии тарҳрезишудаи ҶИЭ хостори сарнагунсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва қонуние буданд, ки аз тарафи миллати шарифу куҳанбунёди тоҷик интихоб ва эътироф гардидааст.

Ба сиёсатмадорони Аврупои хотиррасон карданием, ки Кузов яке аз масъулони бахши молиявӣ ва сармояғундори ТЭТ ҲНИТ мебошад. Чуноне маълум аст, тамоми сармояи ғайриқайдие, ки аз ҷониби хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои экстремистию террористии байналмилалӣ ба ТЭТ ҲНИТ ворид мешавад, тақсимотчиаш ӯ аст. Новобаста аз ин, озод шудани ӯро пайравони ин гурӯҳи худкуши бегонапараст авомфиребона ғолибият ва худи Кузовро «муборизи роҳи ҳақ» гуфтаанд.

Вале дар асл Кузов ва кули наҳзатиҳои шиатабор на мусулмони воқеӣ, балки бадномкунандаи дини мубини Ислом мебошанд. Агар мусулмони воқеӣ бошанд, чаро қиблаи дуюми мусулмонон шаҳри Байтулмуқаддас дар зери хатар асту давлати яҳуд онро ишғол намуда, пойтахти худ эълон мекунад ва Амрико низ аз соли 1995 қонуни вижа қабул намуда, қиблаи мусулмононро пойтахти давлати Исроил эътироф мекунад, вале як наҳзатӣ ва роҳбарону пешвоёни «мубориз»-и ӯ алайҳи ин иқдомот садо баланд намекунанд? Чунки садои онҳоро ба воситаи маблағи аз 800 то 1000 евро хоҷагони онҳо баланд мекунанд, кабириҳои фурӯхташуда барои «қути лоямут» шуда, на танҳо арзишҳои мазҳабию исломӣ, балки арзишҳои умумиинсониро ба боди нестӣ додаанд.

Вале чун Аврупо ҳамеша дар талоши роҳандозии ҳадафҳои геополитикии худ аст, ба сарнавишти миллати тоҷик ва оромию суботи Тоҷикистон, бетараф мебошад. Барои онҳо танҳо дастовардҳои худашон ва аҳдофи пасипардагияшон муҳиманду халос. Вагарна, оё Аврупо огаҳӣ надорад, ки наҳзатиҳои ватанфурӯшу мазҳаббезор дар китобу рӯзномаҳои ҳизбии худ аз робитаҳояшон бо ҳаракати Толибон ва «Ал-Қоида» ёддошту ҳикояҳо, мақолаҳо менигоштанд, навору фиттаҳои даҳшатангези дар Афғонистон будаашонро паҳн мекарданд. Ҳатто дастрасиашонро ба маблағҳои сарватмандони ифротгарои кишварҳои араб пинҳон намедоштанд. Оё аз вохӯриҳои пайваста ва мулоқотҳои пинҳонии саркардагони онҳо, аз ҷумла, Абдуллои Нурӣ дар шаҳри Кобул бо Мулло Умар (роҳбари онвақтаи «ҳаракати Толибон»), хабар надоштанд? Озодии Кузов бори дигар собит намуд, ки Аврупо на тарғибгари демократия ва озодии инсон дар ҷаҳон аст, балки худ сарчашмаи даҳшатафканиву бесуботӣ дар минтақаҳои муайяни олам мебошад.

Имрӯз пайравони ТЭТ ҲНИТ бояд донанд, ки озод шудани Кузов аз боздоштгоҳ, маънои комилан озод шудани ӯ нест ва дар хотир бояд дошт, ки ӯ дар ду рӯйхати Интерпол сабт шудааст. Фардо ё пас фардо ҳатман бори дигар боздошт хоҳад шуд. Дар урфият низ гуфтаанд, ки «давидани гӯсола то каҳдон». Ҷаҳони имрӯз низ, танҳо Аврупо нест ва ин террористон албатта рӯзҳои наздик боздошт ва ба аъмоли хиёнаткоронаи худ дар пешгоҳи миллат ва мазҳаб, ҷавоб хоҳанд гуфт.

Умеди Нуронӣ

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.