ВОХӮРИИ КОРШИНОСОНИ КМИР БО МАСЪУЛОН ДАР НОҲИЯ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии аъзо ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулони ҳавза ва участкаҳои интихоботии ҳудуди ноҳия баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба ташкили участкаҳо, тартиби фаъолияти онҳо ва баргузор намудани интихобот бурда шуд.

Зимни баргузории вохӯрӣ қайд гардид, ки интихоботи дарпешистода маъракаи муҳими сиёсӣ ба шумор рафта, аз ҳар як нафари вобасташуда масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

Гуфта мешавад, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 муайян карда шудааст, дар ноҳия тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳудуди ноҳия 1 ҳавза ва 55 участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст ва теъдоди интихобкунандагон дар ноҳия беш аз 104 ҳазор нафарро дарбар мегирад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.