Намояндагони иттиҳодияҳои динии ноҳия бо муроҷиат ба сокинони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои дастуру супоришҳои созандаи Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, ёрирасон, наздиҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони назди ташкилоту муассисаҳо камари ҳиммат баста, баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ кӯшишу талош намоянд.
Дар муроҷиатномаи намояндагони иттиҳодияҳои динӣ гуфта шудааст, ки иқдоми мазкур дар шароити паҳншавии пандемияи Коронавирус саривақтӣ буда, ба таъмини амнияти ғизоӣ дар ин шароит мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, шароити боду ҳавои ноҳия барои ба даст овардани ду-се ҳосил дар як сол мусоид буда, шароит барои амалӣ намудани ин амр фароҳам оварда шудааст.