Бахшида ба 106-солагии матбуоти тоҷик раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии “Тахти Қубод”-ро ба ҳузур пазируфт. Нахуст дар ин вохӯрӣ раиси ноҳия аҳли эҷоди рӯзнома ва сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, пешаи рӯзноманигориро яке аз касбҳои муҳим ва таъсирбахши ноҳия унвон кард. Раиси ноҳия зимни вохӯрӣ кайд намуд, ки маҳз талошу заҳматҳои аҳли қалами рӯзнома нашрияи “Тахти Қубод” дар сатҳи вилоят ба яке аз нашрияҳои бонуфуз табдил ёфтааст. Ба қавли раиси ноҳия рӯзномаи “Тахти Қубод” натанҳо аз ҷиҳати теъдоди нашр, балки аз рӯйи сифат ва мазмун дар миёни нашрияҳои маҳаллӣ мақоми хосро доро мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба аҳли қалами ноҳия тӯҳфаҳои молӣ ва пулӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадқим карда шуд.