Расулуллоҳ алайҳиссалом фармуданд: «Яҳудиҳо ба ҳафтоду як фирқа тақсим шуданд, насоро ба ҳафтоду ду гурӯҳ, зуд аст, ки уммати ман ба ҳафтоду се фирқа мутафарриқ мегардад, ки ба ҷуз як гурӯҳ дигар ҳама дар норанд, ки он як гурӯҳи наҷотёбанда ҷамоатанд» (яъне аҳли суннат ва ҷамоъат).
Дар ривояти дигар омадааст, ки Саҳобагон пурсиданд, ки: «Ё Пайғамбари Худо! Он як гурӯҳи наҷотёбанда кистанд?» Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Онҳо касонеанд, ки дар роҳи ман ва асҳоби ман ҳастанд».
Ҳоло барои ман ва шумо ки на Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам дидаем ва на саҳобаи киром разияллоҳу анҳум аҷмаъинро чи роҳи солим ва бо итминон барои ин амр пешниҳод мешавад, ки мо ба яқин бидонем роҳи мо роҳи ростини Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салам ва саҳобаи киром разияллоҳу анҳум аҷмаъин мебошад?
Ба назари банда беҳтарин роҳ чанг задан ба яке аз мазоҳиби чоргона аҳли суннат мебошад, зеро имомони чоргонаи бо ин ки Пайомбари ислом саллаллоҳу алайҳи ва салам ва саҳобаи киромро надидаанд, ба ғайр аз имоми Аъзам (р. ҳ.) ки саҳобаро дидаанд аммо ба шаҳодати Набавӣ онҳоро дар хайрулқурун буда ва илми Қуръон ва ҳадисро аз сарчашмаи он фаро гирифта ва онро ба сурати фиқҳӣ ба уммати ислом таҳвил додаанд, аз ин ҷиҳат ба назари банда чанг задан ба қавли роҷеҳ ва муфти беҳ дар мазҳаби ҳанафӣ ҳамоно чанг задан ба ҳамон башорати Набавӣ дар аломати сидқи ростини ҷамоъат ҳақ аст аз инҷо ки мардуми Тоҷикистон ҳамагӣ ҳанафимазҳаб ҳастанд, беҳтарин роҳ ҳамин аст, ки онҳо ба мазҳаби худ пойбанд бошанд ва аз ихтилофоти фиқҳӣ, ки 98 дар сади онҳо дар байни имомони мазоҳиби арбаъа дар ҳади афзал ва мафзул аст, бипарҳезанд ва ба ҷои машғул шудан дар фуруъот ба усул ва мабони ислом ки чаҳорчӯбаи ҷомеаи исломӣ ва қишри ҷавон аз он осеби фаровонӣ дида, бипардозанд.
Ба ҳама маълум аст, ки гурӯҳе, ки пайрави Расулуллоҳ (с) ва пайрави саҳобаи киром ва тобеъин киҳо ҳастанд,. Танҳо аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, зеро ки дигар гурӯҳ ва фирқаҳо, гарчанде даъвои беасос ва бедалил пайравӣ аз равиши Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва салам дошта бошанд ҳам, аммо ошкоро инкори равиши саҳобагонро доранд, мисли шиаҳо ва салафиҳо,
Пас маълум шуд, ки танҳо аҳли суннат ва ҷамоъат пайравии комил ба ҷамиъи саҳобагонро доранд ва фирқаи ноҷия ҳаминҳо ҳастанд.
Дар тамоми ҷаҳони ислом ҷамиъи аҳли ислом иттифоқ доштанд ва доранд, ки аҳли суннат ва ҷамоъат ҳамин чаҳор мазҳаби барҳақ ҳастанд: ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ, ҳанбалӣ. Ва ҳамаи ривоятҳои фиқҳии саҳоба, ки аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салам омӯхтаанд, мунҳасир дар ҳамин чаҳор мазҳаб аст.
Аслан ин чаҳор мазҳаб дар масоили эътиқодот як ҳастанд ва як ақида доранд. Дар фуруъот ва масоили фиқҳӣ он ихтилофе, ки байнашон ҳаст, он раҳмати худованд аст ва ин гуна ихтилоф байни саҳобагон низ вуҷуд дошт ва муҷиби маломату адоват нест.
Чи тавре ки дар боло гуфта гузаштем, пайравӣ кардан ба яке аз ин мазоҳиби арбаъа сабаби ҳидоят ёфтан ва муҷиби наҷот аз гумроҳї аст.
Чунон ки аз ин пештар баён кардем, гарчанде ки ҳар чаҳори ин мазоҳиби чаҳоргона дар асли ҳидоят ва бар ҳақ будан баробаранд, аммо дар афзалият ва авлавият аз ҳам фарқ доранд.
Ва мо пайравӣ ва тақлид ба мазҳаби ҳанафиро бо чандин далел авло ва беҳтар медонем,:
1. Аз байни ин чаҳор имоми мазҳаб танҳо имоми мазҳаби мо Ҳазрати Имоми аъзам Абуҳанифаи Куфӣ (р) аз ҷумлаи тобиъин мебошанд, ки ба башорати Расулуллоҳ (с) баъди саҳобаи киром (р) беҳтарини инсонҳоанд. Ҳазрати имом аз суҳбат ва дуои чанд нафар саҳоба мушарраф гаштаанд ва ба иттифоқ тобиъӣ ҳастанд. Чун аз ин ҳайсият аз дигар имомон бартарӣ ки доранд, мазҳабашон низ бар дигар мазоҳиб бартарӣ дорад.
2. Ҳазрати Имом фақеҳтарини муxтаҳидини изоманд. Ҳатто, ки имом Шофиъӣ фармудаанд: «Кулли уламои олам муҳтоҷи Абуҳанифаанд дар фиқҳ. Чун мавзӯъи илми мазоҳиб илми фиқҳаст, пас дар фиқҳ, ки афзалият доранд, мазҳабашон низ афзали мазоҳиб аст». (Мақсад аз фиқҳ, донистани асли маъонии қуръону ҳадис ва шарҳи онҳо ва огоҳ будан аз мақосид ва дақоиқи он аст).
3. Ҳазрати Имом аввалин тадвинкунанда ва тартибдиҳандаи масоили фиқҳӣ мебошанд, ки дигар имомон ба табаъияти ҳазрати имом масоилро тадвин кардаанд, ки албатта матбуъ бар тобеъ авлавият дорад.
4. Ҳазрати Имом шогирдони бузурги бисёр доштанд, ки ҳар яки онҳо дар илму тақво нодири замон буданд, ба монанди имом Абуюсуф, имом Муҳаммад, имом Зуфар, имом Абдуллоҳ ибни Муборак, ҳазрати Довуди Той, ҳазрати Фузайл ибни Аёз ва садҳо бузургони дигар, ки ҳар яки онҳо саромади уламову фуқаҳо ва муқтадои машойху фузало буданд. Ҳазрати Имом ҳар як масъаларо байни ин ҳама шогирдон мегузоштанд ва барои ҳалли он, ҳар яки онҳо аз нақлу ривоят ва илму дирояти худ чизе мегуфтанд. Дар охир худашон ҳамаҷониба таҳлил намуда, хулоса мекарданд ва фатво медоданд. Албатта ба ин тарзи шӯро ҳаллу фасл намудани масоил аз хато дур аст. Ва дигар мазоҳиб ин мазийятро надоштанд. Аз ин ҷиҳат низ мазҳаби мо афзалият пайдо кард.
5. Пайравони зиёд доштани Ҳазрати Имом, ҳатто ки аксари кулли мусулмонони дунё пайравӣ ба мазҳаби эшон доранд, ки ин ҳам яке аз баёнгари барҳаққӣ ва ҳам беҳтарии мазҳабашон мебошад. Зеро ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Алайкум биссаводил аъзам». Яъне, лозим гиред бар худ ҷамоати бузургтаринро. Пас дар байни ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон аз ҳанафиён дида зиёдтар ҷамъияте нест. На ин ки аксарияти онҳо дар баъзе азмина бошад, балки сездаҳ қарн инҷониб ҳанафийят роҳнамои аксари кулли олами ислом аст. Пас ин ҳадиси шариф бузург башоратест, ки ишорат мекунад ба лозим гирифтани мазҳаби ҳанафӣ.
Ногуфта намонад, ки ин ҳама иштиҳор ва интишори оламшумули мазҳаби Имоми Аъзам, ба сабаби қавӣ ва мустаҳкам будани далоили нақлийяи Ҳазрати Имом, ки он иборат аз: ҚУРЪОНИ КАРИМ ВА АҲОДИСИ ПОКИ ПАЙҒАМБАР (с) ВА РАВИШИ САҲОБА АСТ ВА ИНЧУНИН ҚИЁСУ ИСТИНБОТОТИ САҲЕҲА ВА МУСИБАИ Ҳазрати Имом буд, ки дар ҳама давру замон мавриди тақвият ва таъйиди аимма ва аъломи дин ва мақбули пешвоёни аҳли яқин гардид.
Ин панҷ ваҷҳи куллии афзалияти мазҳаби ҳанафӣ мебошад, ки мо ба тарзи ихтисор ва иҷмол баён кардем. Шахсе, ки авлавияти ин мазҳабро дар ҷузъиёташ донистан хоҳад бояд китобҳои муътабари бузургони ҳанафия, ба монанди «Ҳидояи шариф» бо ҳошияи Ибни Ҳумом ва шарҳи Аллома Айнӣ ва «Мирқот-ул-мафотеҳ»-и Мавлоно Алиқорӣ, шарҳи «Мишкотул масобеҳ» ва ғайраро мутолаъа намояд.
Дар баробари ин ҳама манқабату азамат, ин мазҳаб, Имоми бузургаш ва пайравони асилаш дар ҳар давру замон, аз таъни ҷоҳилон ва ҳасади ҳасудон ва адовати мубтадиъон эмин набуданду намебошанд. Алалхусус, дар ин замони пур аз фитнаву ошуб, ки ҷаҳли дар дин ғолиб ва шинохти ҳақиқат нодир гашта аст, хосса фитнаи «ваҳҳобия – салафия» ва шиъа, ки асли мақсадашон дур кардани мардум аз мазҳабашон ба иддаои ин, ки гуё мазҳаб бидъат асту ширк аст ва ба ин восита дур кардани онҳо аз динашон ва ҳол он ки мазҳаб айни дин аст.
Ҳазрати Мавлавии Ҳиндустонӣ (р) фармудаанд:
Биё муслим ҳифози мазҳаб орем,
Ҳифози мазҳаб ҳифзи дин шуморем.
Барои бутлони онҳо ҳамин хислаташон кофист, ки онҳо на одобу ахлоқ доранд ва на иззату эҳтиром нисбат ба муқаддасоти дину шариъат ва на ба бузургону азизони тариқат ҳатто ки нисбат ба волидайни худ ки Худо ва Расулаш моро дастур ба некӣ кардан додааст. На илму донише ва на ақлу бинише.
Ба ғайр аз мусалмононро даъват ба ҷудоӣ ва туҳмати ширк азияту озор ва душманӣ ба қабру мазор дигар ҳунаре надоранд.
Ва ҳатто ки фитнаи салафият ба бисёри аҳли илм низ сироят кардааст. Онҳо дар даъвои худ мегуянд ки мо ҳанафӣ ҳастем, аммо ҳам ба гуфтор ва ҳам ба рафтор аз услуби ҳанафият фарсахҳо дур ҳастанд. Балки фитнаи ин салафиҳои ҳанифинамо бадтар аз салафиҳои маҳз аст. Зероки тамйиз ва ҷудо кардани онҳо барои авомуннос бисёр мушкил аст ва хусусан ҷавонон, ки гирифтори фиреби онҳо шуда, гумроҳ шуданаш мумкин аст.
Мардуми тоҷик дар охирҳои асри бист гирифтори фитнаи ваҳҳобия шуда, ки ҳам динаш зиён дид ва ҳам дар дунёяш. Имрēз, ки Худованди карим ба сабаби саъю кушишҳои Абармарди бузург Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат моро аз макри онҳо наҷот дод, ба он сипосгузор бошем ва ҳоло ҳам ҳушёриро аз даст надода эҳтиёт кунем, ки аз мазҳаби аҷдоди хеш, ки равиши беҳтарини аҳли суннат ва ҷамоъат, мазҳаби чароғи уммат Имоми Аъзам (р) мустаҳкам бошем, иншоаллоҳ саодати дунёю охират насиби мо мегардад.
Сархатиби хатиби масҷиди
ҷомеъаи маркази ноҳияи Қубодиён: Қарчиев З.