Ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон тамоми сокинони ноҳияро самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Иди Қурбон аз ҷумлаи азизтарин маросими суннатии мардуми мусулмон буда, воқеан дар асоси маромҳои инсондӯстию мурувват ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз мардум фаризаҳои асосии иди шарифи Қурбонро озодона ва бемамониат адо менамоянд. Дар баробари ба ҷо овардани аҳкоми ид ба аёдату табрикоти пайвандону наздикон, беморону пиронсолон ва зиёрати марқади гузаштагон рафтан, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва муҳимтар аз ҳама тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят менамоянд: ба дармондагону ниёзмандон, ашхоси камбизоат, ятимону маъюбон хайру эҳсон намудан ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро ғояи асосии дини мубини ислом эҳтиром кардани инсонҳо ва хайру эҳсон мебошад.
Ҳикмати ин иди бузург тибқи таълимоти дини мубини ислом самимияту садоқат ба Худои таоло, ростиву растагорӣ ва сафои қалбу рӯҳ мебошад. Яке аз ин ҳикматҳо ба ҷо овардани қурбонӣ дар рӯзи ид мебошад.
Вале ҳангоми ба ҷо овардани анъанаҳои ид фаромӯш набояд кард, ки қурбонӣ танҳо ба шахсони дорои шароиту имконияти молӣ воҷиб аст.
Касоне, ки чунин имкониятро надоранд, метавонанд бо рафтору гуфтор ва кирдори нек аз савоб бархӯрдор шаванд.
Зеро Худои мутаол дар Қуръони маҷид мефармояд, ки «Худованд ҳеҷ касро беш аз тавоноияш вазифадор намекунад».
Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки дар асоси ҳадисҳои пайғамбари ислом ҳама гуна хайроту садақот, аз ҷумла моли қурбонӣ, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои бесаробону камбизоат, яъне муҳтоҷону тангдастон дода мешавад.
Хотиррасон месозам, ки дар ин рӯзи муборак ва умуман, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт мо набояд ба исрофкорӣ ва худнамоиву зоҳирпарастӣ роҳ диҳем.
Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ва шахсони мӯътабари ҷомеа мебошад.
Моро зарур аст, ки риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”-ро дар мадди аввал қарор диҳем, зеро он омили сарфакории буҷети оила ва муҳофизи расму оин ва суннати ниёгонамон аз ҳар гуна тақлидҳои кӯркӯрона ва бегонапарстию зоҳирпарастӣ мебошад.
Соли равон бо сабаби пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории сироятии Коронавирус анҷом додани маносики ҳаҷ, ки ҷои таҷаммӯи зиёди одамон мебошад, худдорӣ намудан пешниҳод шудааст. Ҳаҷравандагон бояд аз ин тасмим рӯҳафтода нашуда, ҷиҳати ба даст овардани савоби маносики ҳаҷ тавассути анҷом додани корҳои ободониву бунёдкорӣ, инчунин, тарғиби одобу ахлоқи ҳамида дар байни мардум, алалхусус миёни наврасону ҷавонон, саҳми ватандӯстонаву инсонпарваронаи худро мегузоранд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек, бори дигар тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии Иди саиди қурбон табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу оромӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.