
Дар қасри фарҳанги ноҳия даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ин даври озмун ҳавасмадони санъат ва мусиқии ноҳия дар жанрҳои гуногуни навозандагӣ ва сарояндагӣ иштирок намуда, аз худ малакаи баланди санъат ва маҳорати касбӣ нишон доданд.
Ҳайати ҳакамон ба чорабинии мазкур баҳои баланд дода, малакаву маҳорати иштирокдоронро қобили аҳсант арзёбӣ намуданд.
Дар натиҷа панҷ нафар иштирокдорони даври ноҳиявӣ аз рӯи номинатсияҳои навозандагӣ ва сарояндагӣ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифта, барои ишитрок дар ин давр ҳамаҷониба омодагӣ дида истодаанд.