Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия доир ба ҷаъмбасти натичаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргуор гардид.
Дар оғози нишаст раиси ноҳия аз рафти фаъолияти соҳаҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гузориш дода, изҳор дошт, ки давраи сипаригардидаро аксар соҳаҳо бо натиҷаи хуб ҷамъбаст намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 548,5 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз, ё ин ки 36,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар идомаи нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори умум доир ба масъалаҳои рӯзмарра саволҳои ба маврид пешниҳод намуда, посухҳои қаноаткунандаро дарёфт намуданд.