Дар қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии якҷояи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо масъулон ва наздикону пайвандони шахсоне, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд ва инчунин дар хориҷи кишвар таҳсили ғайриқонунии динӣ мегиранд, баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ аз падару модар ва наздикону пайвандони шахсони болозикр даъват карда шуд, ки ҷиҳати баргардонидани онҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, дар баргардонидани пайвандону наздикон ба ҳаёти осоишта саҳмгузор бошанд.
Таъкид карда шуд, ки бо шарофати сиёсати ғамхорона ва адолатхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳрвандони кишвар, ки ноогоҳона фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ гардидаанд ва аз кирдори худ пушаймон шудаанд, дар моддаҳои дахлдори қонунгузории кишвар эзоҳ татбиқ гардида, ба ҳаёти осоишта баргардонидани шахсони мазкурро кафолат медиҳад.
Қайд гардид, ки барои гирифтани таҳсилоти олии динӣ дар кишвар тамоми шароит мавҷуд буда, зарурат ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар хориҷа нест.
Дар ин вохӯрӣ наздикону пайвандони шахсони дар кофтуков қарордошта ва толибилмоне, ки дар хориҷа таҳсили ғайриқонунии динӣ мегиранд, аз ташаббуси ғамхоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат арзи сипос намуда, омодагии худро дар баргардонидани пайвандонашон изҳор намуданд.