Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мардуми тоҷик бори дигар аз хиёнату разолат, ҷаҳолату ваҳшоният, қатлу куштор, ноодамиву бедодгариҳои ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ (ТТҲНИ) огоҳ шуд.
Мо ҷавонон ҳамеша дар баробари риоя намудани ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ, барои азхуд кардани касбу ҳунар, омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ, ба ободу зебо кардани кишвар ва баланд намудани ҳисси ватандӯстию арҷгузорӣ ба мероси бои ниёгонамон ҷаҳд намоем.
Солҳои охир мураккаб гардидани вазъ дар баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки амалҳои террористию экстремистӣ ба яке аз хатарҳои аввалиндараҷа аз байн бурдани ҳаёти осоиштаи ин ё он мардуми минтақаи сайёра табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб бештар дар мамлакатҳои исломӣ ба чашм мерасад. Роҳбарони чунин ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ба монанди ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ (ТТҲНИ) мебошад, ки то ҳол зери шиори дини мубини ислом баромад намуда, ба ин васила тоифае аз ҷавонону наврасонро гумроҳ намуда, ба доми фитнаву дасисаҳои нопоки худ мекашанд. Ҳар лаҳзаи фаъолияти пасипардагию ифротии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хатареро ба ҳар як фарди сулҳдӯсту ватанпараст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоварад.
Роҳандозии амалиётҳои террористӣ – эктремистие, ки ин хиёнаткорони зархарид чандин маротиба дар қаламрави ҷумҳурии азизамон ба амал оварданд, зарарҳои онро то ҳол мардуми тоҷик эҳсос мекунанд.
Ташкилоти террористӣ экстремистӣ наҳзати исломӣ (ТТҲНИ) солҳои гузашта низ амалиётҳои хеле хатарнокро мехостанд дар ҷумҳурии азизамон анҷом диҳанд, вале хушбахтона маҳз ҳушёриву зиракӣ ва кордонию маҳорати баланди касбии кормандони мақомоти қудратии кишварамон нагузоштанд, ки ин тахрибкорон ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Имрӯзҳо роҳбари ташкилоти террористии наҳзати исломӣ(ТТҲНИ) ва дигар пайравони гумроҳгаштааш дар мамлакатҳои хориҷа панаҳ бурда, тариқи шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хеш натиҷагирӣ кардаву сухан мегӯянд.
Аммо ман боварии комил дорам, ки ҳар як сокини Тоҷикистон, махсусан ҷавонони баору бонанг аз гузаштаи пурифтихори миллати ободгару тамаддунсози худ сабақи мардонагӣ гирифтаанд ва ба ҳама он “гуфтаю баромадҳо” – и иғвоангезонаи хоинону ватанфурӯшон фирефта намегарданд ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, пайравони ҳақиқии ватандӯст будани худро дар хизмати содиқона ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол исбот менамоянд.
Он рӯзҳои мудҳише, ки фаъолияти ташкилоти террористии наҳзати исломӣ (ТТҲНИ) ба сари халқи тоҷик оварда буд, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо нахоҳад рафт.
Мо - ҷавонон амалҳои хиёнаткоронаи ташкилоти террористӣ экстремистӣ наҳзати исломӣ (ТТҲНИ)-ро қотеъона маҳкум менамоем ва ҳамеша, дар паҳлӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон талош намуда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ камари ҳиммат мебандем.
Ҷурабек Назаров,
Мудири бахши кор бо ҷавонон
ва варзиши ноҳия Қубодиён