Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба ноҳия омад.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зимни сафар ба ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла сохтмони бинои нави Ҷамоати деҳоти Заркамар ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 дидан намуда, барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар муҳлат таъкид карда шуд.
Гуфта мешавад, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонӣ ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳия буда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ пайваста дастгирии худро мерасонад.