МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ КОРИИ ОБОДОНӢ ТАҲТИ РАЁСАТИ ҶАББОРЗОДА ГУЛРӮ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси гурӯҳи корӣ оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоиляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таҳти роҳбарии намояндаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷабборзода Гулрӯ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолият ва омодагии иншоотҳои ҷашнии дар соли равон пешбинишуда баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки бандҳои нақшаи чорабинӣ бояд бо сифат ва дар муҳлат ба иҷро расонида шаванд.

22_71.jpgҚайд гардид, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди сазовор ва дар сатҳи баланди ташкилӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30-соалгии Истиқлолият тамоми кӯшишҳои худро равона намуда, дар иҷрои корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳамеша дар паҳлӯи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар корҳои ободонӣ ва бунёдкории ноҳия пайваста саҳмгузор буда, дар оянда низ баҳри рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия кӯшиш менамояд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.