ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НИМСОЛАИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён дар нимаи якуми соли 2020 баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси раиси ноҳия Садриддинзода Бадриддин Талбак доир шуд, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

22_70.jpgДар ҷаласа муовинони раиси ноҳия вобаста ба соҳаҳои дахлдор гузориш дода, қайд гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар ноҳия шароит муҳайё гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.

Раиси ноҳия аз натиҷаи фаъолияти шашмоҳа аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурсиш ба амал оварда, барои фаъолият дар шашмоҳаи навбатӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ҷабборзода Гулрӯ дар маҷлиси ҷамъбастӣ иштрок намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пурзӯр намудани фаъолият дар нимсолаи дуюм таъкид намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.