Дар толори қасри фарҳанги ноҳия таҳти раёсати муовини раиси ноҳия Тоҷинисо Шарипова конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи “Ифшои розҳои нуҳуфтаи наҳзат дар филми мустанади “Хиёнат” бо иштироки фаъолон ва аҳли фамоатчигии ноҳия баргузор гардид.
Дар оғози конфронс филми мазкур ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиёни конфронс роҷеъ ба далелҳои раднопазири ин филм дар мавриди хиёнаткорӣ ва тафриқаандозии ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни конфронс қайд гардид, ки имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмудати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Таъкид карда шуд, ки пайравони ин ҳизби ҷинояткор ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият то ба имрӯз дар сар фикри харобкориву исёнкорӣ дошта, нисбат ба ватану зодгоҳи худ ҳаргиз дилсӯз намебошанд.
Ҳамчунин дар кор конфронс собиқ аъзои ҳизби наҳзати исломӣ иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин ҳизб дар тӯли фаъолияти худ танҳо ба хоҷагони хориҷии худ хидмат намуда, ба манфиати давлату миллат умуман фаъолият надоштааст.
Ба хотири огоҳии бештари сокинон аз андешаҳои нопок ва зиддимиллии ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия нусхаҳои филми мазкур ба сокинон дасрас карда шуд.
Дар фарҷоми конфронс амалҳои хиёнаткоронаи ташкилоти террористиву экстремистии наҳзати исломӣ аз ҷониби иштирокдорон маҳкум гардида, зикр гардид, ки сокинони боору номуси ноҳияи Қубодиён дар паҳлӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон талош намуда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ камари ҳиммат мебанданд.