Алӣ Абдулло Солеҳ, собиқ Президенти Яман аз ҷониби сипоҳи посдорони Эрон террор шудааст. Дар ин бора Муҳаммад Ал- Мисварӣ, вакили Президенти кушташудаи Яман иттилоъ додааст.
Аксари доираҳои таҳлилии байналмиллалӣ ташкили ин инқилобро кори дасти Эрон медонанд ва мегӯянд, Теҳрон мехост Абдулло Солеҳро барканор карда, ба ҷойи ӯ нафари бо эътимоди худро гузорад. Ва ҳадафи асосӣ ҳам ин буд, ки ба ин васила мавқеъ ва ҷойгоҳи мардуми суннимазҳаби Яман дар идораи давлат танг карда шавад.
Абдулло Солеҳ, ки дар аввал бо хусиҳо- гурӯҳи шиъамазҳаби Яман, ки аз тарафи Эрон ҳимояти пулию молӣ ва бо таҷҳизоти ҷангӣ сарпарастӣ мешавад, муқобил буд. Хусиҳо дар ҳампаймонӣ бо неруҳои сипоҳи посдорони Эрон ба фиреби ӯ пардохтанд ва гуфтанд, дар як саф бо Солеҳ истода, мубориза барои озодӣ ва ислоҳталабӣ ва ҳукуматро аз Мансур Ҳодӣ ба даст меоранд ва Ҳукуматро дубора ба Абдулло Солеҳ месупоранд. Ҳол он, ки онҳо аз ҷумлаи нафарони маҳсуб меёбанд, ки ҳамчун зархаридони Эрон ба кӯчаҳои Яман баромада «Марг ба Диктаторо» гуфта садо дода буданд.
Дар ниҳоят, баъди чанд соли амалисозии ин барнома, нақшаи Эрон, ки вайрону валангарсозии давлати Яман буд, кор доду ҳам хусиҳо қудратманд шуданд, ҳам Абдулло Солеҳ президенти собиқи Яман аз байн бурда шуд. Дар идома Яман ба бозии қудратмандон гирифтор гардид аз як тараф Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ҳампаймонаш яъне сунниҳо аз тарафи дигар Эрон ва ҳампаймононаш гурӯҳҳои шиъа аз қабили гурӯҳи террористи «Ҳизбулло» ва Хусиҳо муқобили ҳам сангар гирифтаанд дар ниҳоят ҷанг байни шиъа ва суннӣ бо дахолати Эрон авҷ гирифт.
Имомхатиби Масҷиди
ҷомеъи ба номи Салмонӣ Форс
Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол Киборов А.