Дар толори мақомоти иҷриояи ҳокимити давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳолати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм барои солҳои 2015 - 2019” ва давраи сипаришудаи соли 2020, инчунин амалишавии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикитсон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 дар ноҳия баррасӣ гардида, оид ба рафти иҷрои санадҳои аз масъулин пурсиш ба амал оварда шуд.
Қайд гардид, ки амалишавии санадҳои мазкур танҳо дар сурати ҳамкории зичи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ самарабахш буда, масъулон ва фаъолонро зарур аст, ки дар ин самт фаъолиятро ҷоннок намоянд.
Таъкид карад шуд, ки ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули корпуси неруманди мафкуравӣ ва коркарди тарзу усулҳои нав ба таҳдидҳои мавҷуда ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги сиёсии аҳолӣ, таҳким ва тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бахусус терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ, ки имрӯз на танҳо ба амнияти кишвари алоҳида, балки ба амнияти байналхалқӣ халал ворид намуда истодааст, аз ҷониби шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо аҳолӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ то ҳадди ҳар як оила дар алоҳидагӣ пурзӯр карда шудааст.
Зикр гардид, ки ташкилотҳои террористиву экстремистии ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳадафи ноором сохтани авзои кишварро доранд, имрӯзҳо ниятҳои нопоки худро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро баён намуда, даст ба гумроҳсозии ҷавонон мезананд. Ба ин хотир сокинонро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро нигоҳ дошта, фирефтаи найранбозии гурӯҳҳои ифротгаро нашаванд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулон оид а рафти иҷрои қонуни мазкур ва Стратегия гузориш дода, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони мутасаддӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.