Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати расонидани кумак ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили дару тиреза ирсол намуд.
Дар анҷом додани ин кори хайр ҳамчунин ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон низ ташаббус нишон дода, барои се хонаи истиқоматӣ 3 адад дари даромадгоҳи якунимтабақа, 9 адад дари ҳуҷрагӣ, 3 адад дари ошхона, 3 адад фрамуга (мӯрӣ) ва 18 адад тиреза ба ноҳияи Хуросон фиристода шуд.
Муовини якуми раиси ноҳия Алӣ Тоҷиев изҳор дошт, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён тасмим гирифт, ки ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон кумак расонад. Зеро ба гуфтаи вай, ободонии ҳар як гӯшаи Ватан ободии Ватан буда, мушкили ҳар як сокини кишвар мушкилӣ мо мебошад.