Бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳия як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия субҳи имрӯз як қатор иншооти ҷашнии бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ноҳия дар остонаи Иди Ваҳдати миллӣ аз ҷумла Пули мошингузар дар Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав, ду адад мағозаи тиҷоратӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов ва ду утоқи хатна дар назди муассисаҳои тиббии Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров ба истифода дода шуд.
Гуфта мешавад, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 163 адад иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро дарбар гирифта то имрӯз 97 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 20 адади он дар соли ҷорӣ ба истифода дода шуданд.