Ҳамдиёрони азиз!
Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад.
Ба ифтихори ин ҷашн тамоми мардуми шарифи ноҳияро шодбош гуфта, ба хонадони ҳар кадоми онҳо осоишу хушбахтӣ, амну оромиш ва ба Тоҷикистони азизамон рушди босубот орзу менамоям.
Санаи 27-уми июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди бузурге ба амал омад, ки минбаъд тақдири мардуми тоҷикро комилан дигаргун карда, ҳамчун оғози марҳилаи наҷот, худсозӣ, худафрӯзӣ ва саодати халқ дар сафҳаи хотираҳо сабт гардид. Дар ин рӯзи хуҷаста пас аз талошу пайкорҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Певои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Имзои ин ҳуҷҷати сарнавишсоз дар кишвари азизамон ба ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ поён бахшид ва сулҳу ваҳдати бардавомро таъмин кард.
Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъйю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне бисту се сол қабл, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Бо имзо шудани ин созишномаи тақдирсоз дар Тоҷикистон марҳилаи ниҳоят душвору нооромии даврони истиқлолияти кишвар паси сар монда, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид.
Санади тақдирсози сулҳ рамзи воқеии баҳамоиву сарҷамъии миллат, рамзи иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи татбиқи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз кард.
Мо ҳама шоҳиди он ҳастем, ки солҳои охир дар як қатор минтақаву кишварҳои олам бо сабаби муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати доираҳои манфиатдор одамон ба мушкилоти сангин ва ихтилофҳои мазҳабиву мафкуравӣ гирифтор шуда, ин раванди ҳалокатбор боиси фавти садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта, тарки ватан кардани миллионҳо нафар, аз рушду инкишоф бозмондани давлатҳо ва ҳатто аз байн рафтани аркони давлатдорӣ гардидааст.
Дар чунин вазъ давлати мо, ки оқибатҳои фоҷиабори чунин зуҳуротро аз сар гузаронидааст, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар тамоми сайёра буда, дар минбарҳои баланд аз ҷомеаи ҷаҳон низ даъват менамояд, ки барои бартарафсозии низоъҳои харобиовар ва таъмини суботу амният дастаҷамъона талош варзанд ва музокираву мусолиҳаро ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳалли ҳар гуна мухолифату низоъ ва ҷангу хунрезӣ васеъ истифода намоянд.
Ба ифтихори ин санаи таърихӣ бо дастгирии соҳибкорон як қатор иншоот ба истифода дода мешаванд. Мавриди истифода қарор додани ин иншоот ниҳоӣ набуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони даҳҳо иншооти марбут ба соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, дар сурати амалӣ гардидани Нақшаи чорабиниҳои мазкур сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии сокинони ноҳия ба маротиб беҳтар гардида, ноҳияи Қубодиён ба як гӯшаи ободу пешрафтаи кишварамон табдил хоҳад ёфт.
Бинобар ин, гуфта метавон, ки имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.
Инак 23 сол мешавад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар муҳити сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамдилӣ зиндагӣ намуда, бо меҳнати бунёдкоронаю фидокорона баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон машғуланд.
Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи сокинони ноҳияро бори дигар ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои он дорам, ки эҳсоси баланди ватандорӣ, нангу номуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад.