БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Рафти амалишавии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баррасӣ гардид.

Оид ба ин масъала муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо ҳисобот дода, изҳор дошт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №560 “Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” дар ноҳия тадбирҳои амалӣ андешида шуда, қарори раиси ноҳияи Қубодиён аз 17 январи соли 2011, №54 “Дар бораи тасдиқи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия барои солҳои 2011-2020” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо вобаста ба иҷрои барномаи мазкур таҳия ва тасдиқ карда шуда, барои иҷро ба ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ирсол карда шудааст.

22_66.jpgДар идомаи баромади худ муовини раиси ноҳия иҳзор дошт, ки рафти амалишавии Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳия таҳти назорати қатъӣ қарор дошта натиҷаи иҷроиши барномаи мазкур дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мунтазам муҳокима карда шуда, ҳисоботи шахсони масъул дар самти иҷрои он шунида шудааст.

Зикр гардид, ки ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур дар ноҳия Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аз соли 2004 ташкил карда шудааст ва дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои маърифативу тарғиботиро дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим ба роҳ мемонад.

33_23.jpgҲамчунин вобаста ба ин масъала ҳисоботи роҳбари Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Файзуллозода Карим ва директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия Қаршиев Панҷӣ шунида шуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия шунида шуда, дар фарҷоми иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори Сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Абдуқодирзода Муҳаммад сухан намуда, баррасии масъалаҳои болозикрро дар иҷлосия муҳим арзёбӣ намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.