
Рӯзи 7 марти гузаргоҳи сарҳадии “Гулбаҳор” байни Тоҷикистону Ӯзбекистон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуз расман ифтитоҳ ёфт.
Дар расми ифтитоҳи он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ ва ҷониби Ӯзбекистон бо роҳбарии раиси вилояти Сурхандарёи ин кишвар Турдимов Эркинҷон иштирок намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон, ки мизбони ин чорабинӣ буд, меҳмононро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ истиқбол намуд.
Дар баробари ҳайати расмии ҷонибҳо сокинони ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён ва Носири Хусрав ширкат намуда, аз ин руйдоди таърихӣ бағоят шод гаштанд. Бо боз шудани роҳи мазкур имкон авҷ гирифтани тиҷорат ва рафту омади ҳарду ҷонибро дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати ноҳияи Қубодинро дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Файзуллозода Зафар роҳбарӣ намуданд.