Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо роҳбари муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед ба ноҳия омад.
Бо мақсади таъмини иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 24 апрели соли 2020, №9 вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, гурӯҳи корӣ аз вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дидан намуд.
Натиҷаи шиносоии гурӯҳи корӣ бо ҳолати пахтазор, риояи агротехникаи парвариши зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, вусъат додани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка, вазъи боғу токзорҳо, таъмини оби полезӣ, чорабиниҳои экологӣ, соҳаи чорводорӣ ва таҳлили ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳа, вусъути корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгириҳои бемориҳои сироятӣ, бахусус Коронавирус дар маҷлиси гурӯҳи корӣ бо фаъолони ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар поёни маҷлис ба масъулон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои дахлдор дода шуд.