ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

Ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо – модарони азиз дар ҷомеаи мо мебошад. дар ин рӯзи мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори шукуфо ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, тамоми занони ноҳияро самимона табрику таҳният гуфта, барояшон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.

Воқеан, модарону хоҳарони гиромии мо таранумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.

Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз дур намешавад.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

Тавре аён аст, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати баландбардории мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби занону духтарон ба мақомҳои роҳбарикунанда, таъмини онҳо бо ҷойҳои корӣ ва амсоли инҳо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои шоиста роҳандозӣ гардида, баҳри дастгирии онҳо ҳамчун тарбиятгари насли воқеан давронсози миллат, нигаҳдорандаи расму оинҳои миллӣ, ҳидоятгари ҷомеа ба фардои ободу дурахшон ва сутуни хонадон аҳамияти беандоза зоҳир гардида истодааст. Ин иқдомҳои наҷиб ва шиоста бори дигар кулли бонувон, модарони азизро дар самти иҷрои рисолати пуршарафи тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими сулҳу суботи комили ҷомеа, пойдории оилаҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди босуботи мамлакат рӯҳбаланд мегардонад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар канори иқдомоти шоистаи сарвари давлат баҳри дастгирии занону духтарон ва таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба онҳо кӯшишҳои назаррасро роҳандозӣ намуда, бо ин мақсад як қатор чораҳои мушаххасро ба иҷро расонида истодааст.

Боиси қайд аст, ки дар ноҳия занон дар мақомҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла дар симати муовини раиси ноҳия 1 нафар, мудирони бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 3 нафар, муовинони раисони ҷамоат 5 нафар, дар маҷмӯъ 127 нафар фаъолият дошта, дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ занон аксарияти кулли кормандонро ташкил медиҳанд.

Бори дигар бо фарорасии “Рӯзи модар” тамоми бонувони ноҳияро самимона табрик гуфта барояшон сиҳативу рӯзгори обод, бахту саодати пойдор ва сулҳу амонӣ орзу мекунам.

Бигзор лабҳои занону модарон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша пурханда бошанд ва онҳо ҳеч гоҳ дарду ғамро набинанд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.