
Бахшида ба ҷашни 8 март – “Рӯзи модар” дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло иштирок ва суханронӣ намуда, тамоми иштирокдорон ва дар симои онҳои ҳамаи бонувони ноҳияро ба муносибати ин иди бошукӯҳ табрик ва таҳният гуфта, саҳми занонро дар тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ, таҳкими сулҳу суботи комили ҷомеа, пойдории оилаҳо ва рушди босуботи ноҳия муҳим арзёбӣ намуд.
Дар рафти чорабинӣ бо нишони қадрдонӣ аз хизматҳои шоён ба 69 нафар занони фаъоли ноҳия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сипас бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертии омоданамудаашро пешкаши ҳозирин намуд.
Ҳамзамон дар саҳни Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуда, ҳанармандони ноҳия ҳунари дастии дастии худро дар ин намоиш ба маърази тамошоинон гузоштанд.