Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Фарзандони азизу меҳрубон!

1-уми июн ҳамчун Рӯзи   байналмилалии муҳофизати кӯдакон ва “Иди кӯдакон” бо мақсади ҳалли мушкилоти вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон эътироф шудааст.

Ин иқдом соли 1949 дар шаҳри Париж дар иҷлосияи Шӯрои Федератсияи демократии байналхалқии занон, тибқи қарори Конгресси дуюми он поягузорӣ шуда буд. Ҳадафи он сафарбаркунии афкори ҷамъиятии ҷаҳон ба муҳофизати бачагон аз хатари ҷанг, таваҷҷӯҳ ба нигаҳдории тандурустӣ ва тарбияю таълими онҳо буд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда тамоми кӯдакони ноҳияро ба ин муносибат табрику таҳният менамоям.

Дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кӯдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба ғамхорию парасторӣ ва таваҷҷӯҳи хосса фаро гирифта шудаанд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба тақдири кӯдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани кулли имконоти моддию маънавиро вазифаҳои асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн таъкид мекунанд.

Кӯдакон чароғи равшани ҳар хонадон мебошанд. Дунёи рангини кӯдакӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои таъмини осоиштагии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишоф ва таълиму тарбияи кӯдакон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоем.

Оила аввалин мактаби тарбияи кӯдакон буда, падару модар барои ояндаи неки фарзандон масъулияти ҷиддӣ доранд. Бо вуҷуди он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро зарур шуморид, ки иҷрои ин санад дар самти баланд бардоштани масъулияти сарварони оила асоси воқеӣ дорад.

Хосатан дар ин шабу рӯз, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳон бар асари паҳншавии бемории сирояти нави Коронавирус номӯътадил мебошад, масъулияти волидон дар назорати фарзандон беш аз пеш тақозо гардида, риояи қатъии талаботи қонуни мазкур ба роҳ монда шавад.

Бояд қайд намуд, ки фаъолияти ноболиғон доимо таҳти назорат қарор дорад. Дар ин синну сол онҳо дарки ояндаи хешро дуруст тасаввур карда наметавонанд. Аз ин лиҳоз масъулони мақомотҳои дахлдори ноҳия аз ҷумла Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, Хадамоти кор бо ноболиғони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар байни насли наврас пурзӯр намоянд.

Дар ноҳия 29 нафар ятимони кулл ба қайд гирифта шуда, ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса барои то ба камолот расидани онҳо ҷиҳати расонидани кумакҳои моддию маънавӣ вобаста карда шудаанд. Фаъолияти ятимони кулл таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. 

Бояд зикр намуд, ки имрӯз дар ноҳия 5 адад муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳамагӣ 498 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирфта шудаанд. Вале ин теъдод барои ҳадди ақал 30 дарсад фаро гирифтани кӯдакон ба тарбия дар боғча нокифоя буда, аксарияти кӯдакони ноҳия аз таълиму тарбия дар боғчаҳо дур мондаанд. Ҳарчанд тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ободонӣ ва модагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар сохтмони ду адад муассисаи томактабии хусусӣ пешбинӣ гардааст, вале ин нишондод низ кам мебошад.

Бинобар ин, дар оянда дар асоси Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи хусусӣ фаъолиятро пурзӯр намуда, барои ҷалби сокинон ҷиҳати бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ чораандешӣ намоем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини ҳамаҷонибаи шароити таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус дода, пеш аз ҳама барои тақвияти соҳаи маориф ғамхории беандоза зоҳир менамоянд.

Бояд насли наврасу ҷавон ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш намуда, барои баланд бардоштани савияи дониш, сайқал додани маҳорат ва истеъдоди худ камар баста, барои ободӣ ва осоиштагии диёри хеш саҳмгузорӣ намоянд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.