Сухани табрикотии раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак ба муносибати Иди Сайиди фитр

Ҳамватанони азиз!

Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори давлатҳои мусулмоннишин, аз он ҷумла дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мувофиқи ҳисоби тақвимӣ иди моҳи шарифи рамазон ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат тамоми сокинони ноҳияро табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, тинҷиву осудагӣ, тансиҳативу хонаободӣ ва дар кору фаъолиятатон барору комёбӣ орзумандам.

Қобили зикр аст, ки имсол рамазон, яъне моҳи парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ дар ҳоле фаро расид, ки сокинони сайёра, бахусус мусалмонон бо вабои аср – Коронавирус мубориза мебаранд.

Умедворем, ки ин вазъи бӯҳронӣ ҳарчи зудтар аз миёни башарият ҳазф шуда, зиндагии одамон ба маҷрои осоишта ва мӯътадил бармегардад.

Мазҳаби ҳанафия дар таърихи тамаддун ва фарҳанги исломӣ, дар ҳифзу инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқҳои мусулмон, аз ҷумла мо – тоҷикон нақши басо муассир гузоштааст.

Махсусан имрӯз, ки шинохти мероси исломии мо дар заминаи гиромидошти таълимоти Имоми Аъзам сурат мегирад, афкору андешаи ин бузургмарди таърих ба раванди худогоҳиву худшиносии миллии халқамон вусъати тоза мебахшад.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки яке аз амалҳои неке, ки барои истиқболи шоистаи иди саиди Фитр дар миёни мардуми мо ҳукми анъана пайдо кардааст, хайру садақа кардан ба эҳтиёҷмандон мебошад. Ин ҳам дар ҳоле ки

Ҳар як фарди огоҳу бедордил ва бо нангу номус дар айёми ид ва ҳамеша бо дарназардошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва дар асоси фармудаҳои дини ислом барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот, густариши ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ободиву оромии Ватани озодамон ва осудагии ҳар хонаводаи тоҷик кӯшиш менамояд.

Ҳар фарди мусулмони мамлакат бояд дар доираи имкон ба шукронаи неъматҳои атокардаи Худованд, аз ҷумла зиндагии орому осудае, ки имрӯз насиби сокинони кишвари соҳибистиқлоламон гардидааст, доим барои анҷом додани амалҳои солеҳу шоиста талош намояд.

Дар давоми моҳи шарифи Рамазон мо шоҳиди хайру саховати шахсони савобҷӯ, ки бо пайравӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба табибон ва беморони гирфтори бемориҳои сироятӣ ғамхорӣ зоҳир намуда, то андозае мардумро дар чунин шароити вазнин дастгирӣ намуданд.

Ба ин хотир Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардида буд, аҳли чамоатчигии кишварро даъват намуданд, ки дар ин моҳи муборак амали хайру саховати худро баҳри дастгирии табақаи ниёзманди кишвар ва барои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ равона созанд.

Моро зарур аст, ки зимни ороиши дастархони идона аз исрофкориву изофакорӣ ва сарфу харҷҳои беҳуда худдорӣ намуда, оину суннатҳои неки воқеии ин идро ба ҷо оварда, бо дастархони табиӣ ва чеҳраҳои бозу дили гарм ин идро пешвоз гирем.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дини поку мубини ислом, бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон сулҳу субот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем.

Дар фарҷом бори дигар тамоми мардуми ноҳияи Қубодиёнро ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хурду бузурги ноҳия тандурустиву хушбахтӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва ободиву рушди Ватани азизамонро орзу менамоям.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.