
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён аз марги нобаҳангом ва бармаҳали мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия Расулов Имомиддин сахт андӯҳгин буда, аз даст додани чунин корманди пуртаҷрибаро талафоти ҷиддӣ арзёбӣ мекунад. Ҳамзамон ба аҳли байт ва пайвандону наздикони марҳум изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён намуда, ба онҳо сабри ҷамилро орзуманд мебошад.
Расулов Имомиддин 16 марти соли 1962 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфта, муассисаи таълимии №1-и ноҳияро соли 1979 хатм намуда, ҳамон сол ба Институти хоҷагии халқи Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1984 хатм менамояд.
Аз ҳамин сол марҳум дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла соли 1987 котиби дуюми Кумитаи комсомоли ноҳияи Қубодиён, соли 1988 мудири кабинети комсомолии Кумитаи комсоли вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст. Дар солҳои баъдӣ раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳибкорони ноҳия ва раиси Иттифоқи касабаи соҳибкорони вилояти Хатлон кор кардааст.
Ҳамчунин дар бахшҳои хусусии соҳаи бонкдорӣ фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2017 ба вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва моҳи декабри ҳамин сол ба вазифаи мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Қубодиён таъин гардида буд.
Аз марҳум ҳамсар ва шаш фарзанд – ду духтар ва чаҳор писар ёдгор мондаанд.