Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад. Масъалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифоъи Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин, ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд.
Ҳар як байти Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ чунин шиорест дар роҳи мубориза бар зидди душманони миллат ва кишвари мо. Ба ин муносибат метавон афзуд, ки илми тиб низ дар ибтидои пайдоиши худ барои беҳбуди ҷисмӣ ва рӯҳии қавму миллатҳои ҷаҳон созмон дода шудааст. Ба сабаби он, ки илми тиб дар саҳнаи зиндагӣ аз ҳама муҳимтар ва густурдатар буд, қонуну қоидаҳои бисёр ҷиддӣ барои татбиқи он иншо гардида буданд.
Кишвари Юнон дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ яке аз марказҳои муҳимми илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор мерафт ва аксарияти илмҳо дар ин кишвар рушду нумуъ кардаанд. Яке аз он илмҳо илми тиб буд. Табиб ва файласуфи машҳури юнонӣ Гиппократ (дар ҳудуди 460-370 қабл аз мелод) барои ба танзим даровардани қонуну қоидаҳои ин илм Савгандномаеро тартиб дод, ки мебоист табибони Юнон аз рӯи он бо беморон муомила кунанд. Ин Савганднома дар таърихи тиб бо номи “Савгандномаи Гиппократ” машҳур аст. Савганднома дар ҳудуди 500 сол пеш аз мелоди Масеҳ дар асри Буқрот (Гиппократ) ва мактаби вай навишта шудааст. (Бо тағйири андак дар қисмати оғози он, ин Савгандномаро инҷо зикр менамоем):
- “Ба он чи, ки ақида дорам савганд (қасам) ёд мекунам ва Худоро шоҳид ва гувоҳ мегирам, ки ба ин савганд ва масъулиятҳои марбути он бо тамоми қудрат ва тавоноӣ, ки дар ниҳоди илму дониши хеш суроғ дорам, амал менамоям.
- Ба уҳдаи хеш мегирам, ки устодони худро ки маро дар ёд додани ин маслак (ихтисос) кумак ва роҳнамоӣ кардаанд, монанди волидайни худ дониста ва дар сурати лузум аз дороии хеш (молу сарват) дар ҳақашон дареғ намекунам ва назар ба хоҳишашон эҳтиёҷоташонро бартараф намуда, писарони онҳоро монанди бародарони худ медонам. Ва дар сурате, ки хоста бошанд, ки илми тибро фаро гиранд, бидуни гирифтани ҳаққуззаҳма (музди кор) ин касби шарифро ба онҳо меомузонам.
- Таълимот ва дастуроти тиббӣ ва дарсҳои назарӣ ва тамоми маълумоти лозимаро танҳо ба писаронам, писарони устодони худ ва дигар писароне, ки шартҳо ва қонунҳои табобатро бипазиранд, тадрис хоҳам кард ва омӯзиш хоҳам дод. Дар ғайри он, ба ҳеҷ каси дигар ин ҳирфаро (ихтисосро) нахоҳам ёд дод.
- Парҳези ғизоиро (хурокиҳоро) назар ба зарурати беморон мутобиқи дониш ва илми хеш муайян менамоям ва агар зараре дошта бошанд, фавран аз он ҷилавгирӣ хоҳам кард.
- Назар ба хоҳиши афрод ё ба иродаи худам ҳеҷ гоҳ доруҳое, ки ҳаёти инсонро таҳдид кунанд, нахоҳам дод.
- Ҳеҷ гоҳ муртакиби сақти ҷанин нахоҳам шуд ва абадан барои ин мақсад ба касе машварат нахоҳам кард.
- Бо осоиши хотир ва виҷдони пок дар иҷрои касб ва ихтисоси хеш машғул буда ва ба Худованд савганд ёд мекунам, ки амалиёт ва табобатҳои сангинро худсарона накарда ва ба аҳли фан вогузор менамоям.
- Дар ҳар даре, ки дохил мешавам, барои беҳбудии ҳоли беморон кӯшиш хоҳам кард ва аз ҳар кори дигаре, ки нописанд ва зишт бошад, яъне корҳои ноҳинҷори ҷинсӣ бо занон ва мардон, ки хоҳ ғулом бошанд ва ё озод ба таври ҷиддӣ худдорӣ менамоям ва аз он корҳо дурӣ меҷӯям.
- Он чи дар аснои (вақти) мушоҳидаҳо ва муоинаҳо (ташхисҳо) аз бемор ва атрофиёни вай мебинам ва ё мешунавам ва ё бароям кашф мешавад, ба худ иҷоза намедиҳам, ки ба касе онро фош намоям, балки дар ҷумлаи ганҷинаи асрори тиббӣ онро ҳифз хоҳам кард.
- Агар тамоми ин Савгандномаро татбиқ кунам ва аз самараҳои (неъматҳои) зиндагӣ аз ҳирфаи (касби) худ бархурдор шавам ва ҳамеша байни мардумон ифтихорманд ва сарбаланд бошам. Вале агар онро хилоф кунам ва аз руи ин Савганднома амал накунам, аз неъматҳои зиндагӣ, ҳирфа ва ихтисоси худ баҳра набарам ва байни мардумон сарафканда ва шармсор бошам”.
Дар рафти ин хатаре, ки бо номи коронавирус дар ин чанд моҳи охир ба сари қавму миллатҳои ҷаҳон омад, ҳамаи табибони ҷаҳон, махсусан табибони тоҷик бо ҳисси масъулияти бузург аз ин “Савгандномаи Гиппократ” ба таври ҳамаҷониба истифода намуданд ва ба он содиқ монданд. Бо вуҷуди он, ки ин беморӣ яъне коронавирус аввал дар кишвари Хитой аз вуҷуди худ дарак дода буд, он бисёре аз давлатҳои дигарро ғофилгир кард. Дар боби ҷузъиёти ин мубориза метавон гуфт, ки одамон барои муқобилият бо ин беморӣ омодагии лозимаро надоштанд. Ба ин маъно, ки аксар намедонистанд, ки давои ин беморӣ чист? Ва решаҳои ангезандаи ин беморӣ аз чи иборатанд? Барои пешгирӣ кардани он чи чораҳои мушаххасе зарурат дорад? Бо вуҷуди ин мо шоҳиди он гардидем, ки табибони тоҷик ба гуфтаи маъруф: “Бо дасти урён дар муқобили шамшери аҷал саф оростанд”. Яъне омодаи муқовимат ва мубориза шуданд. Ҳоло, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ҳамзамон ин мубориза давом дорад. Аз пойтахт шуруъ шуда, то ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҳама василаҳои дастрас ба муқобили ин вобои аср муборизаи беамон бурда мешавад. Аллакай гуфта метавон, ки дар бисёре аз самтҳои ин мубориза табибони тоҷик бо комёбиҳои назаррасе ноил гардидаанд. Рӯзе фаро хоҳад расид, ки Тоҷикистони офтобии мо чун ҳамеша дар фазои софу беғубори беҳдоштии умумӣ зиндагии солимро давом хоҳад дод. Ин мушкилот паси сар хоҳанд шуд. Ва он чи дар таърихи ибтидои асри XXI-и тоҷик (2019-2020) боқӣ мемонад, корнамоӣ ва фидокориҳои табибони халқи тоҷик хоҳад буд. Ин корнамоии онҳо далел ва гувоҳи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ ва инсонмеҳварии онҳо буд ва ҳаст. Мо шаҳрвандони оддӣ, ки дорои касбу кори дигар ҳастем, шоҳиди бевоситаи фидокориҳои табибони худем. Ва ин ҷаҳду талошҳо аз ҷониби табибони тоҷик барои беҳбудии мардумони кишвар ҳоло ҳам ба сӯи баландтарин қуллаҳои мубориза-яъне ғалаба бар ин беморӣ, имрӯзҳо ҳам идома дорад. Мушоҳидаи ин саҳнаҳои изтиробангез ва ҷонкоҳ ҳисси ифтихорро аз доштани чунин табибони далеру ҷасур вуҷуди моро фаро мегирад ва мо худро шоҳиди бевоситаи ин қаҳрамониҳои воқеӣ эҳсос мекунем.
Дидавар Бекзода,
муҳаққиқ