Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
Як бад накунад то ба худаш сад нарасад.
Ман неки ту хоҳам ва ту хоҳӣ бади ман,
Ту нек набинӣ ба ман бад нарасад.
Шукри Худованд мегӯем ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз ин вабои аср ки машҳур ба номи каронавирус мебошад ба тадбирҳои сари вақти ҳукумати Тоҷикистон дар амон мебошад ва дуъо мекунем ки ин бемори аз болои мардуми ҷаҳон дур шавад. Ва хушбахтона то имрӯз дар кишварамон ин бемори ба қайд гирифта нашудааст.
Аз дидгоҳи ислом робитаҳои иҷтимоӣ инсонҳо дар марҳилаи андеша бар усули хайрхоҳи ва муҳаббат ва дусти ва монанди он асос мегирад. Ба дин маъно ки мусалмон бояд дар саҳифаи андеша ва нияти худро нисбати бародарон ва хоҳарони дини худ неку ва зебо созад андешаи хайрхоҳи, насиҳат, дусти, саодати онҳоро дар сар дошта бошад аз нақшакаши ва тавтиа чини бар зарари онҳо бипарҳезад.
Аммо Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи ки гирифтори бемории бадхоҳи ва ҳасад нисбати Тоҷикистон ва мардумонаш мебошанд хоҳони он ҳастанд ки мардуми кишвар ба он бемор гирифтор шаванд ва то онҳо дар хориҷ як ҳангомаи нав дар фазои маҷози ташкил диҳанд.
Бадхоҳи ватан миллат шудан ин аз доираи исони берун аст хусусан барои ҳизбе ки дам аз мусалмони ва башардӯстӣ мезанад.
Яке аз нишонаҳои ҳасуд ин аст ки дар танқид кардани шадид аст, ва бадгуи мекунад ва аз бадгуйон тарафдори мекунад нишонаи дигари ҳасудон ин хурсанди кардан дар мусибат аст ки агар як ҳодисаи ногувор рӯй диҳад онҳо хурсанд мешавад зеро ба мақсади худ ки ранҷи дигарон аст расидааст, ки мувофиқи фармудаи Қуръон он
و ان تصبكم سيئة يفرحوا بها؛
Агар ба шумо зиён ва зарари расад онон хушнуд мешаванд.
Нишонаи дигари ҳасудон он аст ки аз дидани пешрафт ва тараққӣ ва некӯаҳволии дигарон нороҳат мешаванд ва бештар вақти худро дар ин ҳолат сарфи ғусса хурдан аз муваффақияти дигарон мегузаронад.
Ва аз нишонаҳои дигари ҳасуд он аст ки бадгуйиро дар бораи ватан ва мардум аз фазилат ва неки медонад.
Агар дар ҳузураш аз ватан ва пешравиҳояш таъриф кунанд нороҳат мешавад ва бовар намекунад ва ҳилаву макр мехоҳад ин пешравиҳо ва тариқиро дар назди дигарон нодуруст ҷилва диҳад ва агар дар бораи ватан як сухани норавои шунавад зуд тасдиқ мекунад ва валвалаи сар медиҳад.
Ва аз назари равоншиносон ин ҳолат аз ҳамон ғаризаи бадхоҳи реша мегирад. Чун сутуда шудан нишонаи хушбахти ва саодат аст ва боваркарданаш бар ҳасуд ногувор аст. Пас ин тавсияҳои ки Кабирӣ медиҳад нисбати бемории каронавирус аввал ин ки Тоҷикистон мӯҳтоҷи тавсия ва пешниҳоди ин гурӯҳои бадхоҳ зеро Тоҷикистон дар зери сиёсати хирадмандонаи ПЕШВОИ МИЛЛАТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳои пешгирӣ аз ин бемориро саривақт ба роҳ мондааст ва дуюм ин ки ҳама ин ҳангома аз рӯи бадхоҳи ва ҳасад мебошад чунон ки дар боло зикр гардид.
Сархатиби масҷиди ҷомеи
маркази ноҳияи Қубодиён
Қарчиев Зайниддин