Ҳамасола санайи 15 май дар саросари олам ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносбат бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз фаъолияти як қатор бонувон, ки бо оилаҳои намунавӣ дар ҷомеа шинохта мешаванд, мулоқот намуда, ба ҳашт нафар занони лаёқатманд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, таҷлили Рӯзи оила бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1994 оғоз гардида, мақсади он ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва бунёди ҷомеа буда, дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.