Ҳамдиёрони азиз!
Имсол аз поёнёбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва пирӯзӣ бар фашизм, пирӯзии қувваи некӣ бар бадӣ, равшанӣ бар торикӣ ва инсоният бар аҳриман 75 сол пур мешавад.
Ба ин муносибат собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони ноҳияи Қубодиёнро табрику таҳният гуфта, ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ ва ба хонадони ҳар як сокини диёр рӯзгори осуда таманно дорам.
Башарият аз замони пайдоиши олам ин гуна ҷанги хонумонсӯз ва фоҷиаи мудҳишро аз сар нагузаронидааст. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз рӯи миқёсу андоза даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, дар он беш аз 72 давлати хурду бузурги олам ширкат варзида, доманаи амалиётҳои ҳарбӣ ба ҳудуди 40 давлати дунё вусъат ёфта, теъдоди сафарбаршудагон дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафарро ташкил дода буд.
Дар натиҷаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ кишварҳои зиёде хароб гашта, 50 миллион нафар қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор шуданд.
Солҳо гузаштанд, наслҳои нав ба дунё омада, ба камол мерасанд, вале қаҳрамонии беамсоли халқ дар набардҳои ҷанг аз хотираҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Корнамоӣ ва далерии муҳофизони Ватан таҷассумгари ҷасорат ва мардонагии бемисли онҳо буда, ҳамзамон ин корнамоиҳо садҳо ҳазор захму ҷароҳат, қурбониву маҳрумият ва хотираҳои талхро бо худ оварданд.
Шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ифодагари таърихи зиндаи халқ мебошад. Дар он маънои пирӯзиву ғалаба, ватандӯстиву озодихоҳӣ, ҷасорату фидокорӣ, ҷонбозиву марг ифода ёфтаанд.
Набардҳои майдони ҷанг дар дили ҳар фарди ватандӯст нисбат ба душман алангаи нафрат пайдо намуда, онҳоро барои ҳифзи Ватан-модар водор менамуд.
Дар қатори ҳазорҳо нафар ватандӯстон ҷавонмардони ноҳияи Қубодиён низ ихтиёран ба майдони ҷанг сафарбар гардида, дар набардҳои ҷангӣ баҳри торумор намудани душманони Ватан фаъолона иштирок намуда, сазовори ордену медалҳои фахрӣ гардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоистаи иштирокчиёни майдони набардҳоро доимо қадрдонӣ намуда, нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён низ ин иқдоми некро ҷонибдорӣ намуда, дар тамоми иду ҷашнҳо ва чорабиниҳо пайваста онҳоро дастгирӣ намуда, қаҳрамонии иштирокчини ҷанг ва ақибгоҳро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Имрӯз аз шумораи садҳо нафар иштирокчиён ва собиқадорони ҷанг нафарони башумор мондаанд, ки ба ҷо овардани иззату эҳтироми онҳо вазифаи муқаддаси мо мебошад.
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ мисли шоҳсутуне мебошанд, ки ҷомеаи моро мустаҳкам нигоҳ дошта, насли ҷавонро барои вориси асили бузургмардони гузашта гардидан омода месозанд. Корнамоии онҳо баҳри ҳимоя ва ҳифзи хоки Ватан, барои тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон як китоби пурарзиши панду ҳикмат буда, ҳар як сатри он роҳкушо ва роҳнамои насли ояндаи кишвар мебошад.
Бо ҳамин нияти нек бори дигар собиқадорони ҷангу меҳнат – пирони барнодил ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори 75-солагии рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, умри бобаракат, рӯзгори нек ва сулҳу оромии ҳамешагиро орзу менамоям.