Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Ба ин муносибат мехоҳам тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони ноҳияро самимона табрику муборакбод намоям ва орзуманди онам, ки дар Ватани азизамон ҳамеша сулҳу амонӣ пойдор ва зиндагии тинҷу осуда насиби мардуми кишвар бошад.
Воқеан, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 25 соли фаъолият рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва ба ҳомии фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз содиқона хидмат намуда истодаанд.
Албатта, Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфрасохтори низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе пойгоҳи аввалия ва бе базаи моддиву техникӣ ташкил карда шуд.
Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он артише, дар солҳои аввали Истиқлолият арзи вуҷуд мекард ва теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбиро дошт, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Аз замони таъсисёбии артиш вақти зиёде нагузашта, ба дӯши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо муҳим ва масъулиятнок, яъне таъмини суботу оромӣ ва амнияти кишвар вогузор гардид. Тӯли 25 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набрдҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой овардаанд.
Дар ин мубориза ва набардҳо садҳо нафар фарзандони содиқи Ватан ҷони худро аз даст дода, даҳҳо нафари дигар маъюбу маҷрӯҳ гардиданд, ки мо қаҳрамонию корнамоӣ ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Солҳое, ки ташкил ва таъсиси ниҳоду сохторҳои қудратӣ ногузир буд, бӯҳрони молиявӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро гирифта, барои амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нек имкон намедод. Бо вуҷуди дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мушкилоту душвориҳои зиёде ҷой доштан, бо талошу заҳмати зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумат, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи тавоно ва кафили амнияти давлат табдил ёфтанд.
Бо ин ниятҳои нек бори дигар ҳайати шахсии ҳамаи ҷузъу томҳо, тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуда, ба ҳомиёни воқеии кишвар саломативу хонаободӣ, дар ҳифзи осудагиву оромии Ватан барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.