ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО «COVID-19» ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД

Пӯшида нест, ки короновирус ё худ «COVID-19» ва пандемия аз он натанҳо боиси марги инсонҳо гашта, балки назди нерӯмандтарин давлатҳои ҷаҳонӣ мушкилиҳои ҳангуфтеро ба бор овардааст. Иқтисоди ҷаҳон ба коҳиш рафта, дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ низ монеаҳои назаррас пайдо шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин вируси саркаш сарҳадҳо ва миллатҳоро убур карда, мутаассифона имрӯзҳо қариб тамоми дунёро фаро гирифтааст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос вазифаи аслии халқу миллатҳо худро дар чунин шароитҳои таҳдидомез дуруст муарифи кардани низоми ҳастӣ ва рушди иҷтимоии хеш бидуни ҳангомаю ҳарос ором ва мақсаднок ба роҳ монда зиндагии муътадил аст.

Воқеан ҳам натиҷаҳои омории ба ин вирус алоқаманд, ки тариқи воситаҳои ахбори омма пешкаши ҷаҳониён мегардад хеле ва хеле нигароникунанда мебошанд. Аммо шумораи фавти умумиҷаҳониро агар ба ҳамин давраи солҳои қаблӣ қиёс намоем, кас аз банди ноумедӣ, раҳоӣ ёфта воқеият дигаргуна тасаввур мегардад. Агар дар ҷаҳон то зуҳури коронавирус ҳамарӯза тақрибан 150 ҳазор одамон мефавтидан, имрӯзҳо низ ҳамин теъдод қариб бетағйир мондааст. Албатта ин назаре ба ҳисобҳои омори буда, ҳеч гоҳ маънии нодида гирифтани талафот аз коронавирусро надорад.

Назари қиёс ин аст, ки теъдоди фавт аз касалиҳои роҳи нафасу шуш, ки короновирус низ ба онҳо шомил аст (5,6%) буда нисбат ба касалиҳои ишемияи дил, инсулт, ҳар гуна омосҳои бадсифат ва дигар вирусҳои   сирояткунанда ба маротиб камтар мебошад. Пас ҳолати ҷойдошта ҳеч гоҳ бояд боиси таҳлука набошад. Яъне дар ин ҳолат инсонҳо бояд сабуриро пешаи худ намуда зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ омилҳои ҳимояро бо истифода аз ҳамагуна шароит ва имконотҳо устувор намоянд.

Бо вуҷуди ин ҳама мо низ дар он ақидаем, ки хатар воқеӣ аст, зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф намуда, тибби  башарӣ дар табобати он ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудааст. Эҳсоси хатар давлатҳоро мачбур намуд, ки дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бо он чораҳои маъмурии иловагӣ андешида, ҳаракат, меҳнат, истироҳату таҳсил, дар маҷмуъ буду боши шаҳрвандонашонро  дар муҳлатҳои муайян  ба реҷаи махсус  дароранд. Тадбирҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ танҳо барои ҳифзи саломатии инсонҳо буда, дигар ҳадафи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоие надорад.

Бо иттилоъ аз воситаҳои ахбори омма, кишварҳое, ки аҳолии онҳо маҳдудиятҳо ва усулҳою рамзҳои андешидашударо қатъӣ риоя карданд, тарс ва эҳтиёткориро дар доираи хирад ва меъёрҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқ ба мувозинат кашидаанд, маърифати баланди низому тартиботро муарифӣ кардаанд, ба ин вирус ғолиб омадаанд.

Аммо пештозтарин кишварҳои олам, ки озодиҳои саркашро дар чунин ҳолат афзал донистаанд ба маротиб қурбониҳои зиёдро диданд ва бо дарки воқеии хатар ногузир аз маҳдудкуниҳо ва тартибу низоми махсус истифода бурданро пеша карданд. 

Пас мо низ бояд чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ҳодиса  дар ҳарос наафтода, балки оқилона бо он мубориза барем. Албатта бояд нотарсиро бо таври назди душмани мусаллаҳ бо дасти фуроварда росто истодан нафаҳмида, бараъкс тамоми неруву тавонмандиро дар роҳи муқовимат ба он роҳандозӣ намоем.    

Бо вуҷуди чораҳои саривақтӣ, оқилонаву ҳадафманди андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти маҳбубамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тавонист чанд моҳ пеши роҳи ин вирусро аз воридшави ба кишвар  гирад, қадами номубораки он ба сарзамини азизи мо низ омад.

Инак чанд тан аз ҳамватанони мо низ гирифтори ин беморӣ гаштанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ин ҳолат дар ибтидо то зинаи муайян  афзоиш ёфта, сипас коҳиш меёбад. Ин ҷо бояд дарк кард, ки суръати афзоиши он як раванди маъмулӣ набуда, дар дасти худи мост на дар иродаи вирус.  Пас дар ин давра муҳим он аст, ки мо бояд вазъиятро хирадмандона дарку таҳлил намуда, рафтору пиндору амалкардҳои хурдро вобаста ба ҳолату вазъияти пешору роҳандозӣ намоем. Яъне пеш аз ҳама ва ягона коре, ки аз мо талаб мешавад бо ҳеч қиммат нагузорем, ки ин вирус масъунияти моро ламс кунад.  Ӯ бояд то ба ин расидан ба муқовимати шадид аз ҷониби мо рубарӯ шуда, дар роҳи расидан ба организми мо талаф ёбад.  Чи?, магар ин мушкил буда, талаботҳои изофӣ  дорад? Ҳеч гоҳ не. Ин муқовимат аз масъулиятшиносӣ ва муносибати мо ба атрофиён вобаста буда, камтарин саҳлангорӣ ба нафъи мо нест ва метавонад шахс худ, атрофиён ва чандин нафарони  дигарро туъмаи осонгири ин вирус  гардонад. Чунин  муносибат чи аз лиҳози қонун ва чи аз лиҳози ахлоқ қобили қабул нест.

Оид ба тадбири чораҳои муқовиматӣ ва пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ ҳанӯз дар даврони худ фарзанди фарзонаи миллати мо Абуали Ибни Сино гуфта, ки дар чунин ҳолатҳои паҳншавии вабо, аввал мардум бояд натарсанд, ба таҳлуқа наафтанд ва худро аз муносибатҳои наздик ба дигарон маҳдуд намоянд. Дар пайравӣ аз ин гуфтаҳо ва таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки имрӯз ҳам мубрамияти гуфтаҳои Синои бузургро собит месозад, мо мардуми Тоҷикистон дар роҳи ғолибият ба ин беморие, ки ба иллати камбуду норасоиҳои мо часпон аст, натарсем, наҳаросем. Бо истифода аз андарзҳои бузургон ва фарҳанги бою ғании миллати кӯханбунёдамон беҳтарин роҳи мубориза бо он камбуду норасоиҳои худро ислоҳ намудан. Муносибату муошират, одоби фардии истеъмоли ғизо, риояи гигиенаи фардию ҷамъятии худро бештар аз ҳарвақта риоя намоем. Тартиботи оилавию ҷамъиятиро риоя намуда, сарҳади озодиро шиносем ва чораҳои иловагӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот андешида мешавад ба тамоми ҷузъиёташ иҷро намоем.

Бояд қайд намоем, ки дар чунин ҳолатҳои тақдирсоз, ки ҳатто ҳаёти инсонҳо пешору меистад, танҳо инсонҳое, халқҳое, миллатҳое бурд менамоянд, ки дар дили онҳо сабру таҳаммул ҷой дошта ба муқобили душман бо  хираду заковат дурандешона истодагари ва мубориза мебаранд.  Душмани  бар муқобили инсоният аз ҷумла, мову Шумо камин гирифта чандон бузург нест, ӯ хурдтарин зарраи организми зинда аст. Вале, мо бо рафтору амалкардҳои ноқиси худ, ки мувофиқ ба табиати ӯст онро бар муқобили худ ва халқу миллат ва дар маҷмуъ ба муқобили инсоният тавонманд сохтаем. Силоҳу қувват, ҳаракату тавсеаи ӯ дар дасти  мост.

Пас биёед мо ҳамагон даст ба дасти ҳам ё боз ҳам бо ибораи Фирдавсии бузург ҳама тан ба тан шуда, амалкардҳои худро на ба манфиати ин вирус,  балки бар зидди он, ба манфиати инсонҳо, миллат ва дар маҷмӯъ ба манфиати башарият равона созем. Нагузорем, ки ӯ аз камҳавсалагию каммасъулиятӣ ва бепарвоии мо неру гирифта, қудратманд бар мо гардад. Барои ин аз  якояки мо қиммати моддие ё вақти зиёдатие талаб карда намешавад. Фақат ва фақат зарур аст, ки доираи муоширатро каме маҳдудтар, усули зиёрати ҳамдигариро дигару, покизагию озодагиро, ки ҷузъи фарҳанги миллиамон аст пешаи зиндагӣ намоем. Магар ин омилҳои номбаршуда барои миллати отифаю фарҳангии мо чизи наванд. Албатта не, танҳо зарур аст, ки онҳоро беш аз ҳарвақта риоя намоем. Аз баъзе хостаҳою талаботи бемавқеъ ва лаззатҳои замонавии изофии худ ба хотири неъматҳои бузургтари инсонию ҷамъиятӣ даст бикашем. Ҳикмати зиндагии инсони хирадманд ва ҷомеаи дурбин низ дар ҳамин муносибати оқилона нуҳуфта  шудааст.

Ин лаҳзаҳо таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат доир ба сарфаву сариштакорӣ,  танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пеши назари кас ҷилвагар гашта, чи  ҳикматҳо  паи худ доштани онҳоро одам беш аз беш эҳсос менамояд.

Ҳар шаҳрванди кишвар, қабл аз ҳама бояд бовар дошта бошанд, ки Давлат ва Ҳукумат ба ҳеҷ ваҷҳ бар зарари халқи худ кор намекунад, баръакс вазифаи онҳо ғамхорӣ ва беҳдошти вазъи зиндагии мардум аст. Дар давлатҳое, ки чунин фаҳмиш, ягонагӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати давлат дар муқобили таҳдидҳо дида шуд, онҳо аз ин вазниниҳо бо сарбаландӣ гузаштанд.

Мо аминем, ки  миллати сарбаланди мо бо фарҳангу тамаддуни волои оламгираш бори дигар аз имтиҳони вазнини таърихӣ бо сарбаландӣ, бо низому тартиби хоса ва сабру таҳаммули хирадмандона убур хоҳад кард. 

Мо, ба амри тақдир бо роҳбарии Пешвои миллатамон аз ин дида рӯзҳои вазнинро паси сар кардем. Албатта, умед дорем, ки бо мадади Худованди бузург, таҳти   роҳбарии Пешвои муаззами миллатамон ва ҳамфикрию ваҳдати мардуми кишвар аз ин таҳдиди вазнин низ бо сарбаландӣ гузар хоҳем намуд. Танҳо ҳамаҷониба  кӯшиш кунем, ки амалҳои мо ҳамагӣ ба кам кардани қурбониҳои ин вируси тоҷдор равона шаванд. Тавре Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, барои давлати мо ҳаёти ҳар шаҳрванди кишварамон азиз ва муқаддас аст.

 

Вакили Маҷлиси намояндагони 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           

Файзуллозода Зафар Хайрулло

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.