«Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад».
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаҳони мо бо мушкилоти ҷадиде рӯбарӯ гардидааст, ки боиси ташвиши кулли башарият мебошад. Раванди паҳншавии коронавирус дар кишварҳои дунё хисороти зиёди ҷониро ба бор оварда истодааст. Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи давлатҳо ва созмонҳои умумиҷаҳонӣ дар роҳи аз байн бурдани ин вабои аср ва бартараф сохтани таъсири манфии он таъсири пандемия аллакай ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии саросари дунё, аз муносибатҳои байналмилалӣ сар карда, то иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёти инсоният расидааст.
“Дар чунин шароит таъмини амнияти итттилоотии кишварҳо ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст, зеро хатаре,ки иттилооти бебунёд дар ин мавзуъ пеш меорад, аз зарари худи коронавирус ба ҷомеа кам нест”, — навиштааст зимни як нигориши худ мутахассиси пешбари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ.
Технологияи комунникатсионии ҷаҳони муосир низ аз хатари ин вабо бетаъсир намонд. Дар ҳолатҳои буҳронӣ маҳз иттилоот, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегардад, метавонад дар осудагии ҷомеа нақши асосӣ дошта бошад ва ё, баракс, мардумро ба таҳлука афтонда, ҳолати буҳрониро боз ҳам шадидтар созад. Ҳадафи асосии воситаҳои иттилоотрасонӣ, пеш аз ҳама, расондани маълумоти дақиқу боэътимод ба шаҳрвандон ва онҳоро аз вазъияту рӯйдодҳо бохабар сохтан мебошад, на ин ки паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва носаҳеҳ. Аммо таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз дар давраҳои буҳронӣ сарчашмаҳои иттилоотрасони ғайрирасмӣ фаъолтар мешаванд ва тавассути маълумоти бардурӯғ ва ҳангомасозӣ диққати ҷомеаро ба худ мекашанд. Дар ин росто, васоити ахбори оммаи давлатиро зарур аст, ки беш аз пеш фаъолтар амал карда, сари вақт маълумоти расмӣ ва дақиқро ба шаҳрвандон пешниҳод намояд ва вазъи воқеиро равшан созад.
Аз инҷост, ки давлатҳо ба таъмини амнияти иттилоотӣ бояд таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро кайҳост, ки амнияти ҳар як кишвар аз амнияти иттилоотии он вобастагии бузург дорад.
Имрӯз зиёда аз 80 дарсади ахбори ҷаҳон, ки тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегардад, масъалаи пандемияи COVID-19 ро дарбар мегирад. Ташвишовар он аст, ки аксари чунин маълумот дақиқ ва саҳеҳ набуда, аз ҷиҳатӣ оморӣ низ дуруст ва расмӣ нестанд. Натиҷаи чунин иттилоот оқибат ба таҳлука афтодани шаҳрвандон мебошад. Мутаассифона, ин раванд дар ҳамаи кишварҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар чунин шароит фазои иттилоотии кишварҳо зери хатар қарор мегиранд. Афзоиши паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вусъат ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни кишварҳои абарқудрат дар ин раванд аз эҳтимол дур нест.
Дар ин шабу рӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба паҳншавии коронавирус маълумоти бисёр чарх мезананд. Аз миёни иттилооти зиёд ва аз ҳам фарқкунанда барои шаҳрванди одӣ дарёфти маълумоти дуруст хеле мушкил аст.
Мушкилӣ дар он аст, ки коронавирус на танҳо ба ҷисми инсонҳо зарар расондааст, балки дарёфти хабарҳои бардурӯғ оид ба он ба ҳолати рӯҳию равонӣ ва тафаккури онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин хотир, шаҳрвандонро зарур аст, ки маълумот ва хабарҳоро танҳо аз манбаъҳои расмӣ мутолиа намуда, ба ҳар гуна овозаҳо ва иттилооти бардурӯғ бовар накунанд. Дар чунин шароит ҳар як шаҳрвандро мебояд дар баробари риоя кардани қодаҳои беҳдошти ҷисмонӣ (санитарӣ) инчунин ба тоза нигоҳ доштани рӯҳу равони худ ва дигарон, фарқ кардани иттилооти дуруст аз хабарҳои бардурӯғ низ диққат дода, на танҳо бо пандемияи коронавирус, балки бо паҳншавии иттилооти бепоя ва беэътимод низ мубориза барад.
Чӣ бояд кард, то хабарҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн нагарданд?
- Сари дурустии хабар андеша кардан. Дар байни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай одат шудааст, ки чӣ хабар ё маълумоте тавассути WhatsАpp, Facebook ё Viber ва imo дарёфт мешавад ва дар зераш “ба дигарон фиристед” навишта шуда бошад, ҳатман бояд ба наздикон ва ёру дустон фиристода шавад. Лекин кори муҳимме, ки дар роҳи пешгирии маълумоти бардурӯғ бояд анҷом дода шавад, ин саросема нашудан дар фиристодани чунин хабарҳо мебошад. Шахс бояд дар дуруст будани он хуб андеша кунад. Дар сурати шубҳа пайдо кардан беҳтар аст ба дигарон равон накунад;
- Манбаи хабар бояд санҷида шавад. Пеш аз паҳн кардани маълумоти дарёфтшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахс бояд аз сарчашмаи маълумот ё хабар огоҳӣ дошта бошад. Дар бисёр ҳолатҳо маълумоти бардурӯғ аз номи мақомоти давлатӣ ё созмонҳои ҷаҳонӣ нашр ва паҳн мегарданд. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин ҳангом ҳатман сомонаҳои расмии ин мақомот ё созмонҳоро аз назар бояд гузаронд.
- Мутолиаи хабарҳо танҳо аз манбаъҳои боэътимод. Ҷомеа бояд хуб дарк намояд, ки сарчашмаҳои иттилоотӣ хеле зиёд ва гуногунанд, аммо на ҳамаи маълумот, ки махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, дуруст ва дақиқ мебошанд. Хуб мешуд, ки шаҳрвандон сомонаҳои расмӣ ва манбаъҳои боэътимодро бештар мутолиа намоянд.
Хулоса, вазъияти имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо менамояд, ки ҳарчӣ бештар гирди ҳам биёем ва барои мубориза бурдан бо вабои аср – коронавирус ва паҳншавии иттилооти сохта, ки хатари он ҳам ба ҷомеа аз зарари худи коронавирус кам нест, оқилона рафтор намоем. Дар таъмини амнияти давлату ҷомеа ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст.
Беморӣ ва пандемияи коронавирусро инсоният ҳатман паси сар менамояд, аммо ояндаи давлату ҷомеаро иқдом ва амали имрӯзаи ҳар як шаҳрванд муайян хоҳад кард.
Фирӯз РАВШАНАЛИЕВ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
сарчашма: http://khovar.tj/2020/05/covid-19-tamini-amniyati-ittiloot-dar-sharoiti-...