Дар толори қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар Хайрулло суханронӣ намуда, тамоми сокинони ноҳияро ба ин санаи таърихан муҳим табрик ва муборакбод гуфта, саҳми хизматчиёни ҳарбиро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлат басо бузург арзёбӣ намуд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия изҳор дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он артише, дар солҳои аввали Истиқлолият арзи вуҷуд мекард ва теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбиро дошт, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошад.
Дар фарҷоми чорабинӣ раиси ноҳияи Қубодиён мувофиқи фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2017, №812 аз тарафи комиссарияти ҳарбии ноҳия барои хизмати софдилона ва иштироки фаъолона дар баргузории машқҳои низомӣ дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” бо медали “Барои таҳкими иттиҳоди ҳарбӣ” сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон ба чор нафар хизматчиёни ҳарбӣ ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҷдим карда шуд.
АМАЛИ ХАЙР ДАР РӮЗИ ҶАШН
Дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба 2 нафар иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ, 4 нафар иштироккунандагони ақибгоҳи ҷанг, 5 нафар иштирокчии ҷанг дар Афғонистон, 6 нафар иштирокчии садамаи Чернобил, 3 нафар собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 10 нафар барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.
Ҳамчунин бахшида ба ин санаи таърихӣ бо дастгирии ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша барои хизматчиёни дидбонгоҳҳо ва қисми ҳарбии воқеъ дар ҳудуди ноҳия дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии сарбозон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ баргузор карда шуд.